Главная / Ҷамъият / Коим шудани рӯзи қиёмат

Коим шудани рӯзи қиёмат

Коим шудани рӯзи қиёмат

Расул алайҳи-с-салом чун номи қиёматро бишунавад. гӯяд:

– Ё Ҷабраил, Ҳақ таъоло бо уммати ман чӣ кард, ҳоли гунаҳгорони уммати ман ба кучо расид?

-Ҷабраил (а) гӯяд: – Ё Расулаллощ, ханӯз Ҳак субхонащу ват аъоло ҳеҷ касро аз одамиён зинда нагардонидааст. Фармуд, ки аввал ту ба ҳисобгощ ойь, то бо уммати ту чунон муомида кунам, ки ту розӣ бошӣ.

Расули акрам салаллоҳу алайҳи ва саллам ҳазрати Ҳақ таъолоро шукр кунад, либоси биҳиштиро пӯшад, тоҷ дар cap ниҳад, камари шафоат дарбандад ва бар бурок – аспи иззат савор шуда, ба арасоти қиёмат ҳозир шавад. Баъд аз он халоиқро зинда гардонад. Чун cap аз гӯр бароранд, аввал кӯшиши онҳо он бошад, ки ба сари бинии худ назар кунанд, то бубинанд, ки сафедрӯй барангехта шудаанд ё сиёҳрӯй, наъузу биллоҳ. Он гоҳ осмонҳоро бинанд пора-пора шуда ва  ситораҳоро бинанд фурӯ рехта ва дарёҳо бар ҷӯш омада ва дар якдигар ҷамъ шуда ва ба манзалаи як дарё гашта, кӯҳҳо аз бех баркандашуда ва мисли пашми шапида шуда дар ҳаво паррон гашта. Ҳисоботи адл зоҳир шуда, хавлу сиёсати қиёмат ба ҳама ҷо расида, ҳасрату надомат боло гирифта.

Халоиқро дар қиёмат дар ҳисоботи арасот панҷоҳ мавқиф биистонанд ва дар ҳар мавқиф ҳазор сол онҳоро боздоранд. Алам, яъне парчам – байрақи иззати ҳар пайғамбареро бигузоранд.

Уммати ҳар пайғамбаре дар пойи байрақи ӯ ҷамъ мешаванд. Он гоҳ фармон шавад, то ҳама пайғамбарон бо уммати худ ба пойи байрақи ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ҳозир шаванд.

Байрақи Расули моро салаллоҳу алайҳи ва саллам ливои  ҳамд гӯянд. Он гоҳ номаҳо паррон шаванд. Баъзеро номаи  аъмол ба дасти рост диҳанд ва баъзеро ба дасти чап. Ҳар кас кирдори худро бинад дар нома навишташуда, он чи карда бошад дар дунё, ҳама ба ёди ӯ расонанд.

Ба ҳар шахс хитоб мерасад, ки эй пири умрзоеъкарда, нома  бихон ва эй ҷавони бебок, нома бихон, эй олими беамал, нома бихон. Эй зоҳиди нопорсо, нома бихон. Эй зане, ки рӯи худ  ба номаҳрам намудаӣ, нома бихон. Эй намозҳоро аз вахт  гузаронида, нома бихон. Эй падару модарро озордода, нома биҳон. Эй банда, номаи худ бихон, яъне ҳисоби худ худ кун, гувоҳи худ худ деҳ, қозии худ худ бош, хукми худ худ баровар.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …