Главная / Илм / КАРӣ

КАРӣ

kariКАРӣ (Surditas), пурра ё то дараҷае паст шудани сомеа, ки дарки нутқ номумкин мегардад. К.-и том кам вомехӯрад. Одатан, ҳангоми К. садоҳои хеле баланд, баъзан овозҳои ҷудогонаи одамоне, ки дар назди гӯш баланд талаффуз мекунанд, дарк карда мешаванд.
К. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и модарзодӣ бинобар иллати узви сомеаи кӯдак ҳангоми таваллуд (хуншорӣ, норасоии оксиген), инкишофи номукаммали гӯши дарунӣ ё асаби сомеа, дар давраи ҳомилагӣ ба бемориҳои сироятӣ (сурхча, грипп, паротити вогир ва ғ.) гирифтор шудани модар ва ғ. пайдо мешавад; аз истеъмоли дору ва шароб (хусусан дар моҳҳои аввали ҳомилагӣ) низ ба вуҷуд омадани К. эҳтимол дорад.
К.-и ғайримодарзодӣ оқибати газак гирифтани гӯши миёна, гӯши дарунӣ, асаби сомеа ё доираи сомеаи мағзи сар, баъзе бемориҳои сироятӣ (сарсом, сурхча, махмалак, паротити вогир, грипп), инчунин таъсири зиёни касбӣ – навасон (вибратсия), шавқун, буғи филизот (мас., сурб, симоб, арсен) ва ғ. мебошад. Газаки гӯши миёна, ҳатто газаки римнок, аҳёнан боиси К. мегардад, вале ба гӯши дарунӣ гузаштани он хавфнок аст. Ин дар мавриди отосклероз ҳам мушоҳида мегардад. К. бештар дар ҳолатҳое инкишоф меёбад, ки иллат аз устухончаи сомеа ба гӯши дарунӣ гузаштааст. К.-е, ки дар давраи ташаккули нутқ ба вуҷуд омадааст (дар кӯдакони то 3 – сола), мумкин боиси карию гунгӣ гардад.
К. метавонад ногаҳон (К.-и шадид) ё тадриҷан ба вуҷуд ояд. К.-и шадид аксар вақт оқибати хуншорӣ ба мағзи сар ё инсидоди рагҳое, ки гӯши даруниро бо хун таъмин мекунанд, инчунин таъсири кӯтоҳмуддати садои ниҳоят баланд, якбора тағйир ёфтани фишори шараёнӣ, осеби сар (мас., шикасти асоси ҷумҷума), заҳролудии шадид аст. К.-и шадид дар ғаввосон бинобар инсидоди шараёни сомеа бо ҳубобчаҳои нитроген (вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ба рӯи об баромадан), дар аснои баъзе бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сарсом, домана, паротити вогир, инчунин худсарона истеъмол кардани антибиотикҳо пайдо мешавад.
Дар мавриди отосклероз, атеросклерози рагҳои мағзи сар (К.-и пироснолӣ) ва таъсири зиёни касбӣ К. тадриҷан инкишоф меёбад. Аввалин аломати он ғуввоси гӯш аст. Азбаски шунавоӣ оҳиста-оҳиста паст мегардад, бемор онро фақат ҳангоми аз ҳад зиёд заиф шудани сомеа ҳис мекунад. Аз ин сабаб саривақт табобат кардани бемориҳое, ки ба инкишофи К. мусоидат менамоянд, зарур аст. Вагарна беморӣ мумкин аст ба гӯши дарун гузашта, боиси маҳви ҳуҷайраҳои асаб гардад. Дар ин маврид сомеа барқарор намешавад. Таъсири бардавоми осеби касбӣ низ ба К.-и устувор оварда мерасонад, бинобар ин дар корхонаҳои дахлдор вазъи сомеаи коргаронро зери назорати қатъӣ мегиранд. Онҳо ҳар сол аз муоинаи махсус мегузаранд. Ғайр аз ин, барои суст кардани таъсири шавқун ва вибратсия тадбирҳо меандешанд (истифодаи васоити садокаш ва садоногузар). Қонунгузорӣ дар ин муассисаҳо тартиби махсуси меҳнат ва рӯзи кӯтоҳи корро пешбинӣ мекунад.
Барои пешгирии К. кӯдаконро дар яслию боғчаҳо мунтазам муоина кардани оториноларинголог аҳамияти калон дорад. Оториноларингологҳо дар табобати К. ва заифии сомеа, махсусан ҳангоми бемориҳои марбут бо иллати узви садогузар (роҳи берунии сомеа, пардаи гӯш, устухончаҳои сомеа), комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Маҷмӯи амалиёти ҷарроҳӣ – ба истилоҳ тимпанопластика (тармими пардаи гӯш) имкон медиҳад, ки сомеаи беморони узви садогузари гӯши миёнаашон аз газак иллатёфта беҳтар шавад. Чунин ҷарроҳиро дар мавриди отосклероз ҳам мегузаронанд (рикобчаи беҳаракатро партофта, ба ҷои он узви сунъӣ мегузоранд). Чунин ҷарроҳӣ ба таҷдиди садогузаронӣ нигаронида шудааст ва фақат ҳангоми ба дараҷаи кофӣ нигоҳ доштани ҳуҷайраҳои асаби гӯши дарунӣ, ки лаппиши садоро дарк мекунанд, натиҷаи мусбат медиҳад. Ба беморони сомеаашон заиф асбоби шунавоӣ тавсия карда мешавад, ки онҳо ба ҳамин васила бо одамон атроф робита мекунанд. Ба одамони кар аз ҳаракати лабҳои шахси гапзананда фаҳмидани мақсади ӯро меомӯзанд. Солҳои охир тарзи нави беҳтар намудани сомеаи одамони кар муаяссар гардид. Он протезкунии электронии ҳалзун ё пайванди ҳалзун ном дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …