Главная / Илм / КАРи

КАРи

kariКАРи (Surditas), пурра ё то дарачае паст шудани сомеа, ки дарки нутк номумкин мегардад. К.-и том кам вомехурад. Одатан, хангоми К. садохои хеле баланд, баъзан овозхои чудогонаи одамоне, ки дар назди гуш баланд талаффуз мекунанд, дарк карда мешаванд.
К. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. К.-и модарзоди бинобар иллати узви сомеаи кудак хангоми таваллуд (хуншори, норасоии оксиген), инкишофи номукаммали гуши даруни ё асаби сомеа, дар давраи хомилаги ба беморихои сирояти (сурхча, грипп, паротити вогир ва г.) гирифтор шудани модар ва г. пайдо мешавад; аз истеъмоли дору ва шароб (хусусан дар моххои аввали хомилаги) низ ба вучуд омадани К. эхтимол дорад.
К.-и гайримодарзоди окибати газак гирифтани гуши миёна, гуши даруни, асаби сомеа ё доираи сомеаи магзи сар, баъзе беморихои сирояти (сарсом, сурхча, махмалак, паротити вогир, грипп), инчунин таъсири зиёни касби – навасон (вибратсия), шавкун, буги филизот (мас., сурб, симоб, арсен) ва г. мебошад. Газаки гуши миёна, хатто газаки римнок, ахёнан боиси К. мегардад, вале ба гуши даруни гузаштани он хавфнок аст. Ин дар мавриди отосклероз хам мушохида мегардад. К. бештар дар холатхое инкишоф меёбад, ки иллат аз устухончаи сомеа ба гуши даруни гузаштааст. К.-е, ки дар давраи ташаккули нутк ба вучуд омадааст (дар кудакони то 3 – сола), мумкин боиси карию гунги гардад.
К. метавонад ногахон (К.-и шадид) ё тадричан ба вучуд ояд. К.-и шадид аксар вакт окибати хуншори ба магзи сар ё инсидоди рагхое, ки гуши даруниро бо хун таъмин мекунанд, инчунин таъсири кутохмуддати садои нихоят баланд, якбора тагйир ёфтани фишори шараёни, осеби сар (мас., шикасти асоси чумчума), захролудии шадид аст. К.-и шадид дар гаввосон бинобар инсидоди шараёни сомеа бо хубобчахои нитроген (вайрон кардани коидахои бехатари хангоми ба руи об баромадан), дар аснои баъзе беморихои сирояти, аз чумла сарсом, домана, паротити вогир, инчунин худсарона истеъмол кардани антибиотикхо пайдо мешавад.
Дар мавриди отосклероз, атеросклерози рагхои магзи сар (К.-и пиросноли) ва таъсири зиёни касби К. тадричан инкишоф меёбад. Аввалин аломати он гуввоси гуш аст. Азбаски шунавои охиста-охиста паст мегардад, бемор онро факат хангоми аз хад зиёд заиф шудани сомеа хис мекунад. Аз ин сабаб саривакт табобат кардани беморихое, ки ба инкишофи К. мусоидат менамоянд, зарур аст. Вагарна бемори мумкин аст ба гуши дарун гузашта, боиси махви хучайрахои асаб гардад. Дар ин маврид сомеа баркарор намешавад. Таъсири бардавоми осеби касби низ ба К.-и устувор оварда мерасонад, бинобар ин дар корхонахои дахлдор вазъи сомеаи коргаронро зери назорати катъи мегиранд. Онхо хар сол аз муоинаи махсус мегузаранд. Гайр аз ин, барои суст кардани таъсири шавкун ва вибратсия тадбирхо меандешанд (истифодаи васоити садокаш ва садоногузар). Конунгузори дар ин муассисахо тартиби махсуси мехнат ва рузи кутохи корро пешбини мекунад.
Барои пешгирии К. кудаконро дар яслию богчахо мунтазам муоина кардани оториноларинголог ахамияти калон дорад. Оториноларингологхо дар табобати К. ва заифии сомеа, махсусан хангоми беморихои марбут бо иллати узви садогузар (рохи берунии сомеа, пардаи гуш, устухончахои сомеа), комёбихои калон ба даст овардаанд. Мачмуи амалиёти чаррохи – ба истилох тимпанопластика (тармими пардаи гуш) имкон медихад, ки сомеаи беморони узви садогузари гуши миёнаашон аз газак иллатёфта бехтар шавад. Чунин чаррохиро дар мавриди отосклероз хам мегузаронанд (рикобчаи бехаракатро партофта, ба чои он узви сунъи мегузоранд). Чунин чаррохи ба тачдиди садогузарони нигаронида шудааст ва факат хангоми ба дарачаи кофи нигох доштани хучайрахои асаби гуши даруни, ки лаппиши садоро дарк мекунанд, натичаи мусбат медихад. Ба беморони сомеаашон заиф асбоби шунавои тавсия карда мешавад, ки онхо ба хамин васила бо одамон атроф робита мекунанд. Ба одамони кар аз харакати лабхои шахси гапзананда фахмидани максади уро меомузанд. Солхои охир тарзи нави бехтар намудани сомеаи одамони кар муаяссар гардид. Он протезкунии электронии халзун ё пайванди халзун ном дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …