Главная / Илм / КАЛТСИЙ

КАЛТСИЙ

kaltciyКАЛТСИЙ (Calcium, аз лот. calx – охак), Са, элементи химиявии гурухи II системаи давраи Менделеев, мансуби металлхои ишкорзамин; раками ат. 20, массаи ат. 40, 08. Аввалин бор с. 1808 Г. Дэви чудо кардааст. К.-и табии аз омехтаи 6 изотопи собит (40Ca, 42Ca, 43Ca, 44Ca 46Ca ва 48Ca) иборат аст, ки аз онхо 40Ca (96, 97%) бештар пахн шудааст.
К. металли сабук, сафеди нукратоб; t гуд. 851°С, t чуш. 1482°С, зичиаш 1540 кг/м3 (20°С). К.-и холис металли нарм аст. Дар пайвастхояш дувалента; аз чихати химияви нихоят фаъол. К. дар харор. мукаррари бо оксиген ва намии хаво оксид шуда, ба Ca(OH)2 табдил меёбад; хангоми гарм кардан, дар хаво ё оксиген – оксид, бо гидроген – гидрид, бо нитроген – нитрид, бо карбон – карбид хосил мекунад. Ба об ва кислотахо таъсир карда, гидрогенро чудо мекунад. Бо металлхо (Al, Ag, Au, Mg, Pb, Sn ва г.) металлидхо хосил менамояд. Мавчудияти К. дар кишри Замин 2,96% аст.
К. дар организм яке аз элементхои биогении зарури ба шумор меравад. Вай дар таркиби хама бофтахо мавчуд аст. Дар баъзе организмхо то 38% (дар одам 1,4 – 2%)-ро ташкил мекунад. Кисми зиёди К. (то 97 – 99%) дар организм барои ташаккули скелет сарф мешавад. Микдори Ca дар хуни одам бо гормонхои гадудхои сипаршакл ва наздсипаршакл ба танзим оварда мешавад. Дарачаи хазмшавии К. ба таносуби Ca, P ва чарб дар хурок вобаста буда, хангоми кохиши микдори туршии руда суст мешавад. Ихтилоли мубодилаи фосфору К. дар организми кудак сабаби рахит, дар организми одами болиг сабаби тагйироти таркиб ва сохти скелет мегардад.
Дар тиб дорухои К.-дор хангоми норасоии ионхои Ca2+ дар организм (спазмофилия, рахит ва г.), муоличаи беморихои аллерги, протсессхои илтихоби (пневмония, плеврит ва г.), баъзе беморихои пуст ва г. истифода мешавад. Гач (CaSO4) дар чаррохи барои гачбанди ва бур (CaCO3) хангоми баланд шудани туршии шираи меъда ва тайёр кардани хокаи дандоншуи ба кор мераванд.
Ба сифати дорухои К. глюконати калтсий, лактати калтсий ва хлориди калтсийро кор мефармоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …