Главная / Илм / КАЧДАСТи

КАЧДАСТи

kachdastiКАЧДАСТи, кач шудани соид ва панчаи даст. К. оринчи, соиди, модарзоди, гайримодарзоди мешавад. К.-и бо тагйири устухон ва бе тагйири устухон низ ба мушохида мерасад. К.-и модарзоди бисёр вакт дутарафа буда, якчоя бо дигар нукси инкишоф падид меояд. Сабаби К.-и гайримодарзоди осеб (мас., дар вакти таваллуд) ва беморихо аст.
Хангоми К.-и модарзодии соиди панча ба берун кач буда, устухони соид деформатсия ё кутох шудааст; бисёр вакт устухонхои хурди банди дасту панча ва мушакхои бозу низ нукс пайдо мекунанд. Соид кутох буда, чониби бозу тоб мехурад; панча бо бозу дар як самт аст. Дар мавриди К.-и оринчи панча ба белпойхои тюлен монанд мешавад, зеро бисёр вакт аз ангуштони V ва IV махрум аст. Соид кутох буда, ба чониби оринч хам мехурад. Фаъолияти даст нисбат ба К.-и соиди камтар халал меёбад. Дар аснои хама гуна К. панча ягон чизро дошта наметавонад.
К.-ро, одатан, бо усули редрессатсия ва гачбандии минбаъдаи он ислох мекунанд. Барои рафъ сохтани К. ва баркарор гаштани фаъолияти панча масх, варзиши шифои, физиотерапия низ мухим аст. Дар мавридхои зарурат ба чаррохи низ ру меоранд. Хангоми чой надоштани ихтилоли вазнини фаъолияти асаб натичаи табобат, одатан, хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …