Главная / Гуногун / Инқилоби Филиппин

Инқилоби Филиппин

То моҳи августи соли 1896 тайёрӣ ба шӯриши мусаллаҳ ҳанӯз ба охир нарасида буд. “Катипунан” ба миқдори зарурӣ силоҳ ҳам надошт. Ҳамин вақт дар бораи нақшаи шӯриши “Катипунан” хоине ба ҳукуматдорони мустамликавӣ хабар медиҳад. Аз ҳамин сабаб зарурат ба миси омад, ки шӯриши яроқнок таъҷилан оғоз карда шавад.

23 августи соли 1896 Бонифасио аз деҳкадаи дурдасти хурди Балинтавак ба халқ муроҷиат кард, ки ба шӯриши мусаллаҳ бархезад. Ин муроҷиат дар таърихи Филиппин бо номи – “Даъвати Балинтавак” машҳур аст. Қариб ҳамаи созмонҳои маҳаллии “Катипунан”, аз он ҷумла дар Лусони Марказӣ ва Ҷанубӣ ва ҳатто дар ҷазираҳои дурдасти Минданас ва Сулу ба шӯриш бархостанд.

revolution-filippin

Ҳукуматдорони испанӣ бар зидди иштирокчиёни инқилоб террори ваҳшиёнаро оғоз намуданд. Бисёр аъзоёни “Катипунан” дастгир ва ба қатл расонида шуданд. 30 декабри соли 1896 Рисал ҳам қатл карда шуд.

Дар масъалаи усули мубориза дар “Катипунан” ду ҷараёян пайдо мешавад. Бонифасио ва Агиналдо роҳбарони ин ду ҷараёян ба ҳам муқобил буданд. Ба Агиналдо муяссар шуд, ки дар байни шӯришчиён тавассути ҳилаю найранг обрӯи калон пайдо намуда, “Катипунан”-ро барҳам занад. Бо фармони Агиналдо 10 майи соли 1897 Бонифасио парронда мешавад. Баьди ин роҳбарии инқилоби Филиппин ба дасти Агиналдо мегузарад.

Мубориза дар байни инқилобчиён пахш кардани инқилобро осон кард. Дар баробари пахши шӯриш ва террори иштирокчиёни он испаниҳо нағз мефаҳмиданд, ки ин шуришро танҳо тавассутн силоҳ шикаст додан мушкил аст. Барои гуфтушунид яке аз иштирокчиёни собиқи ислоҳотхоҳон Пелта Патерно дар байни Агиналдо ва генерал-губернатор Примо де Ривера миёнарав шуд. Ҳамин тариқ, гуфтушуниди ду тараф оғоз ёфт. 18 ноябри соли 1897 дар қароргоҳи ҳукумати инқилобии Биакиа-Бато конститутсияи аввали Ҷумҳурии Филиппин эълон карда шуд. Дар ин ҷо дар бораи қатъи муборизаи яроқнок филиппиниҳо низ созишнома ба имзо расид. Аз тарафи худ ҳукуматдорони испанӣ ӯҳдадор шуданд, ки зарари ба филиппиниҳо расидаро ҷуброн мекунанд. Агиналдо ва ҳамсафони ӯ мамлакатро тарк намуданд. Ҳамин тариқ, роҳбарони инқилоб ба халқи Филиппин хиёнат карданд. Вале хиёнати Агиналдо ва ҳамсафони ӯ ба муборизаи инқилобии халқи Филиппин нуқта нагузошт. Аллакай моҳи феврали соли 1898 муқовимати мусаллаҳонаи зидди Испания дар якчанд ноҳияи мамлакат аз нав оғоз ёфт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …