Главная / Илм / ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН

ГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН

gipoksiyaГИПОКСИЯИ ТИФЛИ БАТН (Hypoxia fetus), холати маризие, ки бинобар бо оксиген пурра таъмин нашудани бофтаю узвхои тифли батн ба вучуд меояд. Г. шадид ва музмин мешавад. Г.-и шадид хангоми таваллуд (дар натичаи нукси зоимон, афтодан ё фишор хурдани ноф, дар чавфи коси хурд муддати зиёд дармондани сари тифл), баъзан дар мавриди хомилаги (бинобар даридани бачадон, пеш аз мухлат кучидани хамрохак ва г.) рух менамояд (он зуд боиси ихтилоли фаъолияти узвхои асоси мегардад). Г.-и музмин дар аснои беморихои аъзои таносул, токсикозхои хомилаги (сарторики), аз мухлат гузаштани хамл, номувофикии хуни модару тифл, сироят ёфтани кудак ва г. пайдо мешавад. Он тадричан инкишоф меёбад, бинобар ин тифл ба норасоии якмароми оксиген одат мекунад. Г.-и музмин аломатхои клиники надорад.
Норасоии гарони оксиген боиси ихтилоли хунгардиш ва микросиркулятсия мешавад; дар тифл тахикардия, брадикардия, фишорбаланди ба мушохида мерасад; хун бинобар аз мачрои раг берун баромадани плазма гафс мегардад; бофтахо варам мекунанд. Дар бофтахо гун шудани махсули турши мубодила (атсидоз) ва халал ёфтани мувозанати электролитхо боиси варами дохили хучайрахо мегардад. Ин хама ба фаъолияти узвхои хаётан мухим таъсири номатлуб расонда, бо фавти кудак анчом мепазиранд.
Аломати асосии болинии Г.-и шадид ихтилоли фаъолияти дил (то зиёда аз 160 зарба дар 1 дак. афзудан ё то 120 зарба дар 1 дак. кам шудани таппиши дил)-и кудак аст.
Хангоми гумон бурдан аз Г.-и музмин (токсикозхои хомилаги, беморихои аъзои таносул ва г.) занро зуд дар беморхона хобондан ё ба маркази ташхиси беморихо фиристодан лозим аст. Дар сурати ба назар расидани нишонахои Г.-и шадид зани хомиларо бетаъхир дар беморхона мехобонанд. Муолича вобаста ба аломату сабабхои Г. сурат мегирад.
Бо максади пешгирии Г. сари вакт ошкор ва муолича намудани беморихои аъзои таносул, оризахои хомилаги ва назорати холати тифли батн ахамияти калон дорад. Хамчунин мухим аст, ки таваллуди тифл дуруст сурат гирад.
М.Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …