Главная / Илм / ГИПЕРТРИХОЗ

ГИПЕРТРИХОЗ

gipertrihozГИПЕРТРИХОЗ (Hypertrichosis; аз гипер… ва юн. thrix, trichos – муй), бисёр сабзидани муй дар чойхои номуносиби пуст новобаста аз синну сол ва чинс. Г. модарзоди (умуми ва чузъи) ва гайримодарзоди мешавад. Г.-и модарзодии умуми нисбатан кам дучор омада, дар мавриди он тамоми баданро муйхои дароз фаро мегиранд. Хангоми Г.-и модарзодии чузъи муй, одатан, дар болои холхои пигменти месабзад; дар мавзеи устухони чорбанд низ рушд намудани муйхои сершумор аз эхтимол дур нест. Г.-и гайримодарзоди метавонад дар чойхои бисёр ангезишёфтаи пуст (бинобар молидани мархамхо, гачбанди ва г.), дар маризони сил, остеомиелит ба вучуд ояд. Баъзан духтарон дар давраи балогат ва занхо дар давраи аз бахра мондан (климакс), дар руй ва пушти лаб муй мебароранд.
Г.-и модарзодии умуми муолича надорад. Г.-и модарзодии чузъиро баъзан бо чаррохи табобат мекунанд. Дар мавриди Г.-е, ки бинобар ихтилоли фаъолияти гадудхои усораи дохили (эндокрини) сар задааст, бемории асосиро табобат кардан лозим. Дар бештарини холатхо аз муоличаи чузъи истифода мешавад, мас., ба рохи диатермокоагулятсия вайрон кардани фолликулахои муй.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …