Главная / Илм / ГИНАТРЕЗИЯ

ГИНАТРЕЗИЯ

gynatresiaГИНАТРЕЗИЯ (аз юн. gune – зан ва атрезия), руст шудани роҳи таносул дар пардаи бакорат, маҳбал ё бачадон. Г. дар натиҷаи осеб (аз ҷумла ҳангоми таваллуд)-и узвҳои таносул, амалиёти ҷарроҳӣ (ҷарроҳии пластикӣ, исқот), илтиҳоб, таъсири доруҳои сӯзишовар ва радиоактив пайдо мешавад. Дар мавриди Г. ҷараёни ихроҷи хуни ҳайз халал ёфта, он дар узв ҷамъ мегардад, ба пайдоиши гематоколпос (ёзиши маҳбал), гематометр (ёзиши бачадон) ва баъзан гематосалпинкс (ёзиши найчаҳои бачадон) шароити мусоид фароҳам меояд. Дар духтарон дар давраи балоғати ҷинсӣ ва дар занҳои синни таваллуд ҳайз қатъ гашта, зери шикам дард мекунад. Дард дар оғоз суст аст; баъд он авҷ гирифта, дил беҳузур ва фаъолияти пешобдону рӯдаҳо халалдор мешавад.
Сӯрохи пардаи бакорат фақат дар баъзе ҳолатҳо, маҳбал пура баста мегардад (гематометр).
Г.-ро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Ҳангоми сари вақт муолиҷа кардани бастагии пардаи бакорат, қисми поёну миёнаи маҳбал ва роҳи гарданаи бачадон зан метавонад фарзанд ёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …