Главная / Илм / ГИНАТРЕЗИЯ

ГИНАТРЕЗИЯ

gynatresiaГИНАТРЕЗИЯ (аз юн. gune – зан ва атрезия), руст шудани рохи таносул дар пардаи бакорат, махбал ё бачадон. Г. дар натичаи осеб (аз чумла хангоми таваллуд)-и узвхои таносул, амалиёти чаррохи (чаррохии пластики, искот), илтихоб, таъсири дорухои сузишовар ва радиоактив пайдо мешавад. Дар мавриди Г. чараёни ихрочи хуни хайз халал ёфта, он дар узв чамъ мегардад, ба пайдоиши гематоколпос (ёзиши махбал), гематометр (ёзиши бачадон) ва баъзан гематосалпинкс (ёзиши найчахои бачадон) шароити мусоид фарохам меояд. Дар духтарон дар давраи балогати чинси ва дар занхои синни таваллуд хайз катъ гашта, зери шикам дард мекунад. Дард дар огоз суст аст; баъд он авч гирифта, дил бехузур ва фаъолияти пешобдону рудахо халалдор мешавад.
Сурохи пардаи бакорат факат дар баъзе холатхо, махбал пура баста мегардад (гематометр).
Г.-ро бо рохи чаррохи табобат мекунанд. Хангоми сари вакт муолича кардани бастагии пардаи бакорат, кисми поёну миёнаи махбал ва рохи гарданаи бачадон зан метавонад фарзанд ёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …