Главная / Илм / ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПӣ

ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПӣ

otravlenieГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПӣ, бемории Мирочник-Мансуров, заҳролудӣ аз ғизо. Ҳангоми гирифтор шудан ба Г. г. асосан ҷигар осеб меёбад. Сабаби беморӣ истеъмоли ноне мебошад, ки ғаллаи он бо тухми растании хеле заҳрнок – Heliotropium dasycarpum олуда шудааст. Дар солҳои ба таъхир афтодани баҳор, дони гандум бо тухми растанӣ баробар пухта мерасад. Дар таркиби он алкалоидҳои гелиотрин ва лазиокарнин мавҷуд мебошанд. Г. г. бештар дар ҷамоҳири Осиёи Марказӣ дучор меояд. С-ҳои 90-уми а. 20 он дар ноҳ. Фархор хурӯҷ карда буд.
Г. г. бо беиштиҳоӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сари меъда, баъзан қай ва исҳол (рафтани дарун) оғоз меёбад. Аз рӯзҳои аввали беморӣ ҷигар калон, мариз тадриҷан хароб, сусту бемадор, ҳарорат баланд мешавад; аломатҳои кампешобӣ (олигурия) падид меоянд. Баъди 2 – 6 ҳафта шикам дамиш карда (астсит), сипурз калон мешавад, дар пӯст доначаҳо медаманд; баъзан зардпарвин зуҳур меёбад.
Дар ҳолатҳои вазнин будани ҷараёни Г. г. бинобар нуқс ва иғмо (кома)-и ҷигар мариз мефавтад. Дар аснои нисбатан сабук будани беморӣ, саломатӣ ва қобилияти кории мариз дер барқарор мешавад; гоҳо беморӣ хуруҷ ёфта, бо сиррози ҷигар меанҷомад.
Бо мақсади пешгирии Г. г. ғалларо аз тухми алафҳои бегона тоза кардан лозим аст.
Ад.: Мансуров Х.Х., Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 2003.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …