Главная / Илм / ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПи

ГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПи

otravlenieГЕПАТОАНГИОПАТИЯИ ГЕЛИОТРОПи, бемории Мирочник-Мансуров, захролуди аз гизо. Хангоми гирифтор шудан ба Г. г. асосан чигар осеб меёбад. Сабаби бемори истеъмоли ноне мебошад, ки галлаи он бо тухми растании хеле захрнок – Heliotropium dasycarpum олуда шудааст. Дар солхои ба таъхир афтодани бахор, дони гандум бо тухми растани баробар пухта мерасад. Дар таркиби он алкалоидхои гелиотрин ва лазиокарнин мавчуд мебошанд. Г. г. бештар дар чамохири Осиёи Маркази дучор меояд. С-хои 90-уми а. 20 он дар нох. Фархор хуруч карда буд.
Г. г. бо беиштихои, дилбехузури, дарди сари меъда, баъзан кай ва исхол (рафтани дарун) огоз меёбад. Аз рузхои аввали бемори чигар калон, мариз тадричан хароб, сусту бемадор, харорат баланд мешавад; аломатхои кампешоби (олигурия) падид меоянд. Баъди 2 – 6 хафта шикам дамиш карда (астсит), сипурз калон мешавад, дар пуст доначахо медаманд; баъзан зардпарвин зухур меёбад.
Дар холатхои вазнин будани чараёни Г. г. бинобар нукс ва игмо (кома)-и чигар мариз мефавтад. Дар аснои нисбатан сабук будани бемори, саломати ва кобилияти кории мариз дер баркарор мешавад; гохо бемори хуруч ёфта, бо сиррози чигар меанчомад.
Бо максади пешгирии Г. г. галларо аз тухми алафхои бегона тоза кардан лозим аст.
Ад.: Мансуров Х.Х., Гелиотропная гепатоангиопатия, Д., 2003.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …