Главная / Гуногун / Фаъолияти тресту банкҳо дар ИМА

Фаъолияти тресту банкҳо дар ИМА

Дар охири асри XIX боигарии ИМА торафт бештар ба дасти трестҳо медаромад. Инҳисор гардидани нақлиёту роҳи оҳани мамлакат нисбат ба дигар соҳаҳо барвақттар доир гардид. Дар ин соҳа “Иттифоқҳои роҳи оҳан”-и Вандербилт, Гулда, Хатигтон ба вуҷуд омаданд. Дар солҳои 80-ум истеҳсоли пахта, равғани зағир, шароб, сурб. найшакар, гӯгирд ва тамоку инҳисорӣ карда шуданд. Дар истеҳсоли мис яке аз аввалин ширкатҳои инҳисорӣ Гутенхейм Дар кӯҳҳои Бют ва Монтанаи Аризона ташкил карда шуд. Ин трест дар зарфи 30 сод аз он ҷойҳо ба маблағи 2 млрд доллар мис истеҳсол кардааст.

banks

Иёлоти Муттаҳидаи Америкаи ҳамонвақтаро мамлакати трестҳо меномиданд, зеро шакли маъмултарини инҳисорҳои сармоядорони ин мамлакат трестҳо буданд. Асосгузори трести аввалини ИМА Давид Рокфеллер мебошад. Ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳисоби фурӯши аслиҳа бой шуда, аз болои корхонаҳои нафтистеҳсолкунӣ ва тиҷорат ҳам назорат ҷорӣ намуд. То саршавии Ҷанги якуми ҷаҳонӣ трести Рокфеллер “Стандарт оил” ба яке аз корхонаҳои калонтарини нафтистеҳсолкунии ҷаҳон табдил ёфт. Он то 90 фоизи маҳсулоти нафтии мамлакатро истеҳсол мекард. Рокфеллерро “Ҷаноби миллиардер” меномиданд. Ин ном ба сарватмандии ӯ мувофиқ буд. Аз ин лақаб Рокфеллер ҳатто намеранҷид. Дар ибтидои асри XX аз чор се ҳиссаи истеҳсолоти саноатии ИМА-ро трестҳо назорат мекарданд.

Инҳисори дигари калонтарини ИМА трести Д. Морган “Юнайтед стил Корпорейшн” ба шумор мерафт. Маҳсулоти асосии истеҳсолмекардагии вай чӯяну пулод буд. Сармояи ин саноатчӣ ба 1,5 млрд доллар рост меомад. Инҳисорҳои хурду миёна ба трести Морган рақобат карда натавониста, муфлис мешуданд. Аз ин сабаб онҳо маҷбур мешуданд, ки ба ин трест ҳамроҳ шаванд, яъне марказонидани онҳо ба амал меомад. Трести Морган то 150 корхонаро аз худ карда буд. Дар байни онҳо корхонаҳои маъдану ангишт, нафту заводҳои маъданкоркунӣ ва роҳҳои оҳан бисёр буданд.

Банкҳои калонтарини ИМА ба трестҳо пул қарз медоданд. Ин банкҳо бештар дар кӯчаи Уолл-Стрити Ню-Йорк дар биноҳои боҳашамату сарбафалаккашида ҷой гирифта буданд. Ин кӯча ба маркази аҳли тиҷорату саноатии мамлакат табдил ёфт.

Сармояи банкӣ ва сармояи саноатӣ ҳам бо тезӣ марказонида мешуданд. Соли 1903 ду банки бузургтарине, ки ба Морган ва Рокфеллер тааллуқ доштанд, ба 112 банкҳои роҳҳои оҳан, ширкатҳои суғурта ва соҳаҳои дигар назорат мекарданд. Ҳар ду банк дар бунёди банкҳои нав ва корхонаҳои саноатӣ фаъолона ширкат меварзиданд.

Трестҳо ва банкҳо барои қонеъ кунонидани мақсадҳои худ аъзоёни ҳукумат ва амалдорону додхоҳҳоро бо пул харида, аз ин кор фоидаи калон ба даст медароварданд, номзадҳои худро ба мансабҳои гуногуни давлатӣ мегузарониданд. Як қисми саҳмияҳоро ба одамони мансаби баланддор тӯҳфа мекарданд. Ин одамон дар идораи трестҳо ва банкҳо мансабҳои калонро ишғол мекарданд. Ҳамин тариқ, дар ИМА олигархияи молиявӣ ба дастгоҳи давлатӣ омезиш ёфта, ба ҳукмронӣ мамлакат табдил мегардид.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …