Главная / Гуногун / Фаъолияти тресту банкхо дар ИМА

Фаъолияти тресту банкхо дар ИМА

Дар охири асри XIX боигарии ИМА торафт бештар ба дасти трестхо медаромад. Инхисор гардидани наклиёту рохи охани мамлакат нисбат ба дигар сохахо барвакттар доир гардид. Дар ин соха “Иттифокхои рохи охан”-и Вандербилт, Гулда, Хатигтон ба вучуд омаданд. Дар солхои 80-ум истехсоли пахта, равгани загир, шароб, сурб. найшакар, гугирд ва тамоку инхисори карда шуданд. Дар истехсоли мис яке аз аввалин ширкатхои инхисори Гутенхейм Дар куххои Бют ва Монтанаи Аризона ташкил карда шуд. Ин трест дар зарфи 30 сод аз он чойхо ба маблаги 2 млрд доллар мис истехсол кардааст.

banks

Иёлоти Муттахидаи Америкаи хамонвактаро мамлакати трестхо меномиданд, зеро шакли маъмултарини инхисорхои сармоядорони ин мамлакат трестхо буданд. Асосгузори трести аввалини ИМА Давид Рокфеллер мебошад. У дар солхои чанги шахрванди аз хисоби фуруши аслиха бой шуда, аз болои корхонахои нафтистехсолкуни ва тичорат хам назорат чори намуд. То саршавии Чанги якуми чахони трести Рокфеллер “Стандарт оил” ба яке аз корхонахои калонтарини нафтистехсолкунии чахон табдил ёфт. Он то 90 фоизи махсулоти нафтии мамлакатро истехсол мекард. Рокфеллерро “Чаноби миллиардер” меномиданд. Ин ном ба сарватмандии у мувофик буд. Аз ин лакаб Рокфеллер хатто намеранчид. Дар ибтидои асри XX аз чор се хиссаи истехсолоти саноатии ИМА-ро трестхо назорат мекарданд.

Инхисори дигари калонтарини ИМА трести Д. Морган “Юнайтед стил Корпорейшн” ба шумор мерафт. Махсулоти асосии истехсолмекардагии вай чуяну пулод буд. Сармояи ин саноатчи ба 1,5 млрд доллар рост меомад. Инхисорхои хурду миёна ба трести Морган ракобат карда натавониста, муфлис мешуданд. Аз ин сабаб онхо мачбур мешуданд, ки ба ин трест хамрох шаванд, яъне марказонидани онхо ба амал меомад. Трести Морган то 150 корхонаро аз худ карда буд. Дар байни онхо корхонахои маъдану ангишт, нафту заводхои маъданкоркуни ва роххои охан бисёр буданд.

Банкхои калонтарини ИМА ба трестхо пул карз медоданд. Ин банкхо бештар дар кучаи Уолл-Стрити Ню-Йорк дар бинохои бохашамату сарбафалаккашида чой гирифта буданд. Ин куча ба маркази ахли тичорату саноатии мамлакат табдил ёфт.

Сармояи банки ва сармояи саноати хам бо тези марказонида мешуданд. Соли 1903 ду банки бузургтарине, ки ба Морган ва Рокфеллер тааллук доштанд, ба 112 банкхои роххои охан, ширкатхои сугурта ва сохахои дигар назорат мекарданд. Хар ду банк дар бунёди банкхои нав ва корхонахои саноати фаъолона ширкат меварзиданд.

Трестхо ва банкхо барои конеъ кунонидани максадхои худ аъзоёни хукумат ва амалдорону додхоххоро бо пул харида, аз ин кор фоидаи калон ба даст медароварданд, номзадхои худро ба мансабхои гуногуни давлати мегузарониданд. Як кисми сахмияхоро ба одамони мансаби баланддор тухфа мекарданд. Ин одамон дар идораи трестхо ва банкхо мансабхои калонро ишгол мекарданд. Хамин тарик, дар ИМА олигархияи молияви ба дастгохи давлати омезиш ёфта, ба хукмрони мамлакат табдил мегардид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …