Главная / Маданият ва санъат / Дуои баъд аз намози ҷумъа

Дуои баъд аз намози ҷумъа

Ҳадди ақал баъд аз намози ҷумъа ин дуоро се маротиба хонда шавад

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим.

Эй бор Илоҳо, аз Ту мехоҳам ба воситаи ин номҳои азим ва муборак бар пайғамбарат Муҳаммад (с) ва аҳли байти мутаҳҳараш раҳмат бифирист. Ва аз Ту мехоҳам, маро ҷузви бандагони мухлису муқаррабат қарор бидеҳ. Ва ба ман неъмати азими яқину боварро иноят фармо. Аз амрози дунявӣ ва аз азоби охират маро маҳфуз дор.

suoiВа аз ситамгарону душманон маро дар ҳифзи худат нигаҳ дор ва қалбҳои онҳоро ба сӯи Худат баргардон ва онҳоро аз иртикоби шарру бадӣ наҷот бидеҳ ва онҳоро тавфиқи аъмоли некӯ иноят фармо. Эй Аллоҳ, ин хостаи маро бароварда соз ва ин фақат талоши ман аст ва эътимоду таваккалам бар Туст.

 

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …