Главная / Илм / ДУМБАЛИ ШУШ

ДУМБАЛИ ШУШ

bronhoektazДУМБАЛИ ШУШ, як навъ иллати шуш. Д. ш. якумин (дар бофтаи солим инкишоф меёбад) ва дуюмин (оризаи бемориҳои дигари шуш мебошанд) мешавад. Ҳангоми думбали якумин сироят ба бофтаҳои шуш аз бронхҳо, лимфа ва хун роҳ меёбад. Сабаби ба вуҷуд омадани думбалҳои дуюмин бисёр вақт бронхоэктазҳо, саратони бронх, сил, киста, актиномикоз, силикоз ва ғ. мебошанд.
Д. ш. шадид ва музмин мешавад. Ҳангоми думбали шадид мариз табларза ва арақ карда, сандуқи сина дард мекунад, сурфа (баъзан омехта бо балғам) ба вуҷуд меояд. Ҳиссаи осебёфтаи шуш дар нафаскашӣ таъхир менамояд. Агар думбал дар канортар ҷой гирифта бошад, дар он мавзеи сандуқи сина ҳангоми ангуштзанӣ садои кунд шунида мешавад. Нафаскашӣ тез аст, одатан хирроси гулӯ ба мушоҳида мерасад. Агар думбал кафад, ба бронхҳо балғами римнок хориҷ мешавад. Ҳангоми берун наомадани балғам се қабат ташаккул меёбад: луоби зардча, қабати обиятӣ, қабати римнок. Балғам бадбӯй нест. Дар сурати дуруст гузоштани дренаж ҷавфи думбалро дар муддати 3 – 4 ҳафта метавон пурра холӣ кард; баъди 2 – 3 ҳафтаи дигар бемор шифо меёбад.
Дар баъзе беморон ҷавфи думбал холӣ намешавад. Дар ин ҳангом беморӣ шакли музмин мегирад. Беморон аз сурфаи балғамноки бадбӯй, азият мекашанд. Ҳарорати бадан наздик ба вараҷа аст; агар балғам ихроҷ нагардад, ҳарорат баланд мешавад. Рӯй тадриҷан варам карда, луобпардаҳо кабудча ва нӯги ангуштон ғафс («нақорачӯб») мегарданд.
Ба оризаҳои асосии думбал бронхоэктаз, пневмосклероз, эмфиземаи шуш, уфунат, нуқси нафаскашӣ, амилоидози узвҳои дохилӣ мансубанд.
Д. ш.-ро дар асоси тадқиқоти рентгенологӣ, томография, санҷишҳои бактериологӣ ва ситологии балғам, бронхоскопия ва бронхография ташхис мекунанд. Ташхиси тафриқии думбал бо саратони шуш, сил, пневмония, бронхоэктазҳо гузаронида мешавад.
Муолиҷаи Д. ш. ба сабаби пайдоиш, ҷараён (шадид, музмин), ангезанда ва ҳассосияти бемориҳои дигар вобаста аст. Маризро фақат дар беморхона табобат мекунанд. Барои муолиҷа аз бронхоскопия истифода мебаранд; антибиотикҳо, доруҳои балғамрон ва ингалятсия таъин карда мешавад. Дар мавриди натиҷаи дилхоҳ надодани дорушифоӣ ба ҷарроҳӣ даст мезананд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …