Главная / Илм / ДОРУҚУТТӣ

ДОРУҚУТТӣ

dorukuttiДОРУҚУТТӣ, маҷмӯи адвиёт, масолеҳи захмбандӣ ва диг. васоити тиббӣ, ки барои ба худ ва дигарон расонидани ёрии аввалин истифода мешаванд. Вобаста ба таъинот Д.-ҳо гуногун мебошанд, мас., Д.-и ёрии аввалин, Д.-и модар ва кӯдак, Д.-и ронандагон, Д.-и заврақҳои наҷотбахш, Д.-и шахсӣ ва ғ.
Доруқуттии ёрии аввалин барои дар корхона, сохтмон, сафари туристӣ, саҳро ва хона расонидани ёрии аввалин ба кор бурда мешавад. Дар он чунин доруҳо ҳастанд: доруҳои дардбар, доруҳои табшикан, доруҳои зидди газак (аналгин, амидопирин, аспирин); доруҳои таксинбахш (қиёми нардсунбул); доруҳои балғамрон (доруи сурфа), адвиёте, ки ҳангоми дарди аъзои ҳозима истеъмол мекунанд (онҳо қиёми гули шоҳбезак ва гидрокарбонати натрий доранд); ангишти фаъол (барои ҷаббидани боди рӯда); валидол (ҳангоми дарди атрофи дил ба таги забон мемонанд); маҳлули аммиак (спирти навшодир), ки ҳангоми беҳуш шудан ба одам бӯй мекунонанд; доруҳои зидди уфунат, ки барои шуста тоза кардани захм (перманганати калий, ки маҳлули гулобранг тайёр мекунанд), чайқонидани даҳон ва гулӯ (маҳлули як қошуқча кислотаи борат дар як истакон об ё маҳлули гулобранги перманганати калий), молидан ба захм (маҳлули спиртии йод), тамйиз (дезинфексия), мулоим шудани пӯст (вазелини бор) ва ғ. истифода мебаранд.
Д.-и умумӣ ғайр аз адвиёт васоити захмбандӣ – пакети захмбандӣ, бинт ва пахтаи тоза, лейкопластир (ниг. Марҳами часпак), тофтабанди резинӣ (барои муваққатан нигоҳ доштани хун), ҷабира (шина; барои бастани дасту пои шикаста ё баромада), ҳароратсанҷи тиббӣ, истаконча (барои нӯшидани дору), ваннача (барои шустани чашм) низ дорад.
Вобаста ба синну сол, вазъи саломатӣ ва аҳли оила дар Д.-и хона дигар адвиёт ва васоити нигоҳубини бемор низ мавҷуданд. Одатан, ин васоит аз дорухона ҳангоми муолиҷа бо фармоиши духтур бе дорухат ё бо дорухат харида мешавад.
Доруқутии модар ва кӯдак асосан барои нигоҳубини кӯдаки ширмак пешбинӣ шудааст. Он аз чочак, обдуздаки нӯгаш мулоим, доручаконак, ҳароратсанҷҳо (барои чен кардани ҳарорати бадан ва об), лиф, плёнкаи полиэтиленӣ, дока, собуни кӯдакона, доруҳои зидди уфунат, маҳлули спиртии йод, перманганати калий, кислотаи борат, васоити захмбандӣ (бинт ва пахтаи тоза, лейкопластир), равғани вазелин (доруи захмро нармкунанда), креми кӯдакона, упо (барои чинҳои пӯсти кӯдак) ва ғ. иборат мебошад.
Доруқуттии ронандагон дар васоити нақлиёт гузошта мешавад. Тавассути он ҳангоми дар роҳ ба фалокат дучор омадан ронандагон ё мусофирон ба худ ё ба якдигар ёрӣ мерасонанд. Дар дохили доруқуттӣ валидол, перманганати калий, ампулаи маҳлули аммиак, маҳлули 5-фоизаи спиртии йод, инчунин бинт, пахта, лейкопластир, пакети захмбандӣ, тофтаи хунбанд ва ғ. гузошта шудааст.
Доруқуттии шахсии АИ-2 барои ёрӣ расонидан ба худ ё ба каси дигар ҳангоми заҳролудӣ аз силоҳи ядроӣ ё химиявӣ, пешгирӣ ё кам кардани таъсири омилҳои зарарнок, роҳ надодан ба бемориҳои сироятӣ ва ғ. истифода мешавад. Доруқуттии шахсӣ аз маҷмӯи адвиёт (доруҳои дардбар, зидди радиатсия, зидди бактерияҳо ва ғ.), ки дар дорудонҳои пластмассии ранга ё шпритс-тюбик ҷой дода шудааст, иборат мебошад. Ин адвиётро дар хоначаҳои қуттии пластмассии норанҷӣ гузоштаанд (дар сарпӯш ва дастурамали он тарзи истеъмоли адвиёт нишон дода шудааст).
Доруи рафъи дард (хоначаи № 1) дар шпритс-тюбик ҷойгир аст; онро барои пешгирии ҳолати шок ҳангоми шикастани устухон, сахт захмдор шудан ё сӯхтани бадан, ки боиси дарди сахт мегардад, истифода мебаранд.
Доруи зидди пайвастҳои заҳрноки органикии фосфор қурси антидот мебошад, ки дар дорудони сурх (хоначаи № 2) ҷой дода шудааст. Кормандони санитарӣ пеш аз ба маҳалли заҳролуд рафтан, яктоӣ аз қурси ин дору истеъмол мекунанд. Аҳолӣ доруи антидотро яктоӣ баъд аз бонги хатари мудофиаи гражданӣ истифода мебарад. Дар аснои пайдо шудани нишонаҳои заҳролудӣ боз як қурси онро истеъмол кардан зарур аст (тақр. баъд аз 5 – 6 соат).
Доруи зиддибактериявии № 2 (хоначаи № 3) дар дорудони калони сафед ҷойгир аст. Онро ҳангоми аз афканишоти радиатсионӣ халал ёфтани кори узвҳои ҳозима истеъмол мекунанд (рӯзи аввал якбора 7 дона ва ду рӯзи оянда 4-тоӣ дору мехӯранд).
Доруи зиддирадиатсионии № 1 (хоначаи № 4) дар ду дорудони сурхранги сиёҳтоб ҷойгир аст. Ҳангоми хатари шуоъзанӣ доштани маҳал истеъмол мекунанд (6-тои онро бо об фурӯ мебаранд). Ҳангоми аз нав пайдо шудани хатари шуоъзанӣ баъд аз 4 – 5 соат боз 6-тои дигарашро истифода мебаранд.
Доруи зиддибактериявии № 1 (хоначаи № 5) зардранг буда, дар ду дорудони беранги чоркунҷа ҷой дода шудааст. Онро ҳангоми хавфи заҳролудии бактериявӣ, дар аснои зоҳир шудани нишонаҳои бемориҳои сироятӣ, инчунин барои пешгирии беморӣ ҳангоми дар маҳалли бемориҳои сироятӣ кор кардан истеъмол мекунанд. Аввал 5 (дорудони якум) ва пас аз 6 соат боз 5-тои дигар (дорудони дуюм)-и онро мехӯранд.
Доруи зиддирадиатсиявии № 2 (хоначаи № 6) дар дорудони сафед ҷойгир аст. Онро баъд аз боришоти радиатсиявӣ ё ҳангоми нӯшидани шири гове, ки дар маҳалли заҳролуд чаридааст, истеъмол мекунанд. Дар давоми даҳ рӯз ҳам ба одами калонсол ва ҳам ба кӯдак ҳар рӯз яктоӣ ( бо мақсади роҳ надодан ба ҷамъшавии йоди радиоактив дар ғадуди сипаршакл, ки бо шир ворид мегардад) истеъмол кардани дору тавсия шудааст.
Доруи зидди қай (хоначаи № 7) дар дорудони кабуд гузошта шудааст. Як қурси онро пас аз зарб хӯрдани сар ва контузия истеъмол мекунанд.
Доруҳои зидди пайвастҳои органикии фосфор ва доруи зидди қайро ба кӯдаки то 8-сола чоряки қурс ва ба 8 – 15-сола нисфи қурс медиҳанд; доруҳои диг. бо вояи кам мутобиқи нишондоде, ки дар Д. ҳаст, дода мешаванд.
Доруқуттии шахсии АИ-1 барои ёрии тиббии хизматчиёни ҳарбӣ ба кор бурда мешавад. Аз доруқуттии АИ-2 бо он тафовут дорад, ки доруи зидди пайвастҳои органикии фосфор маҳлул буда, дар шпритс- тюбик ҷой дода шудааст.
Тарзи дар хона нигоҳ доштани адвиёт. Доруҳо аз таъсири рӯшноӣ, намӣ, гармӣ ва ба мурури гузаштани мӯҳлати истифода вайрон мешаванд. Зери таъсири ин омилҳо сифати як қатор доруҳо коҳиш ёфта, дар доруҳои дигар мумкин аст моддаҳои заҳрнок ҳосил шаванд. Аз ин сабаб ба қоидаҳои нигаҳдорӣ ва мӯҳлати истеъмоли дору қатъӣ риоя намудан зарур аст.
Тамоми адвиёт, чи доруҳои дар завод ва чи доруҳои дар дорухона аз рӯи нусхаи духтур тайёркарда барчасб (этикетка) дорад. Дар рӯи он, одатан, ба ғайр аз ном ва миқдори дору, инчунин мӯҳлати истифода навишта шудааст. Агар мӯҳлати истифодаи адвиёт нишон дода нашуда бошад, онро аз 5 сол зиёд нигоҳ намедоранд. Дорухона ҳуқуқ надорад, ки доруи мӯҳлати истифодааш гузаштаро ба аҳолӣ фурӯшад. Баъзан баъд аз тадқиқоти махсус мӯҳлати истифодаи як қатор адвиётро дароз мекунанд (одатан, он ба нисфи муддати асосии истифодаи дору баробар аст). Инро идораи дорухонаҳо дар барчасби иловагӣ ё дар рӯи қуттии дору навишта, аҳолиро огоҳ мекунад. Дар рӯи қуттии доруе, ки дар завод истеҳсол шудааст, чунин маълумот оварда шудаанд: рақамҳои аввал – серияи дору, ду рақами навбатӣ – моҳ ва ду рақами охир – соли истеҳсоли дору аст.
Дар барчасби адвиёте, ки дар дорухона аз рӯи нусхати духтур тайёр карда шудааст, ғайр аз номи дору, рӯзи истеҳсол, тарзи истеъмол ва диг. маълумоти огоҳкунанда, аз ҷумла тарзи нигаҳдошт (мас., «Дар ҷои салқин ва торик нигоҳ доред») қайд карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки доруро дар ҷои салқини ҳарораташ аз 12 – 15ºС паст, яъне дар яхдон нигоҳ бояд дошт. Доруҳоеро, ки дар рӯи онҳо «Заҳр», «Эҳтиёт кунед», «Аз оташ ҳифз намоед», «Аз кӯдакон маҳфуз доред» ва ғ. навишта шудааст, дар ягон ҷо қулф карда мондан лозим, то ки барои кӯдакон дастрас набошанд (ногуфта намонад, ки бештари адвиёт шакли ҷолиб дорад). Тарзи нигоҳдории адвиёт, одатан, дар рӯи қуттӣ ё дар дастуруламали даруни он навишта шудааст.
Мӯҳлати нигаҳдорӣ ва истеъмоли бисёр доруҳое, ки дар дорухона таҳия шудаанд, хеле кӯтоҳ аст. Аз ин сабаб онро ҳарчӣ зудтар истеъмол мекунанд. Мас., доруи чашм, маҳлулҳои тазйиқӣ, қиём ва ҷӯшобаҳоро на дертар аз ду шаборӯз, эмулсия ва суспензияҳоро на дертар аз 3 шаборӯз ва диг. адвиётро дар давоми 10 шаборӯзи баъд аз фармоиш аз дорухона гирифтан зарур аст. Ҷӯшоба ва қиёми обии растаниҳои шифоӣ (гули хайрӣ, аспарак, афсонак, халанҷ ва ғ.) зуд вайрон мешаванд. Дар ҳарорати хона онҳоро 2 – 3 рӯз ва дар яхдон 5 – 6 рӯз нигоҳ медоранд. Ҳангоми вайрон шудан ранги ҷӯшоба ва қиём хира мегардад ё мағор мекунад. Адвиёт (маҳлул, марҳам)-е, ки дар таркибаш антибиотик дорад, инчунин доруи чашм, ки онро фақат 7 – 10 рӯз кор фармудан мумкин аст, хеле тез вайрон мешавад. Мӯҳлати истеъмол ва нигаҳдошти доруи чашм, ки дар завод истеҳсол ва дар шпритс – доручаконак гирифта шудааст, нисбатан зиёд мебошад.
Д.-и хонагиро соле на камтар аз ду маротиба аз назар мегузаронанд. Адвиётеро, ки барчасб надорад, навиштаҷоташ нофаҳмост, кӯҳна, хира, сиёҳ ё доғдор шудааст, мепартоянд. Дар ин ҳол бояд бохабар шуд, ки дору тасодуфан ба дасти кӯдак наафтад.
Нодуруст нигоҳ доштани дору ва муносибати беэҳтиётона нисбати онҳо метавонад боиси фалокат гардад. Ба риояи чунин қоида одат кунед: ҳамеша пеш аз истеъмоли дору навиштаҷоти онро хонед ва итминон ҳосил кунед, ки он доруи ба шумо даркорӣ буда, шаклаш дигар нашудааст. Махсусан ҳангоми ба кӯдак дору додан боэҳтиёт будан зарур аст. ӯро омӯзонидан лозим аст, ки бе назорати калонсолон дору нахӯрад.
Барои нигоҳ доштани адвиёт ҷевончаи махсуси қулфдор хеле қулай аст. Дар даруни он доруҳои хӯрданӣ ва адвиёти молиданиро аз ҳам ҷудо гузоред. Адвиёти заҳрдорро қулф монед. Доруи кӯдакро алоҳида нигоҳ доред. Адвиёт (драже, доруҳои рӯяшон ранга)-еро, ки ба конфет монанд мебошанд, хеле эҳтиёт карда, аз чашми кӯдак дур гузоред.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …