Главная / Илм / ДОРУКУТТи

ДОРУКУТТи

dorukuttiДОРУКУТТи, мачмуи адвиёт, масолехи захмбанди ва диг. васоити тибби, ки барои ба худ ва дигарон расонидани ёрии аввалин истифода мешаванд. Вобаста ба таъинот Д.-хо гуногун мебошанд, мас., Д.-и ёрии аввалин, Д.-и модар ва кудак, Д.-и ронандагон, Д.-и завракхои начотбахш, Д.-и шахси ва г.
Дорукуттии ёрии аввалин барои дар корхона, сохтмон, сафари туристи, сахро ва хона расонидани ёрии аввалин ба кор бурда мешавад. Дар он чунин дорухо хастанд: дорухои дардбар, дорухои табшикан, дорухои зидди газак (аналгин, амидопирин, аспирин); дорухои таксинбахш (киёми нардсунбул); дорухои балгамрон (доруи сурфа), адвиёте, ки хангоми дарди аъзои хозима истеъмол мекунанд (онхо киёми гули шохбезак ва гидрокарбонати натрий доранд); ангишти фаъол (барои чаббидани боди руда); валидол (хангоми дарди атрофи дил ба таги забон мемонанд); махлули аммиак (спирти навшодир), ки хангоми бехуш шудан ба одам буй мекунонанд; дорухои зидди уфунат, ки барои шуста тоза кардани захм (перманганати калий, ки махлули гулобранг тайёр мекунанд), чайконидани дахон ва гулу (махлули як кошукча кислотаи борат дар як истакон об ё махлули гулобранги перманганати калий), молидан ба захм (махлули спиртии йод), тамйиз (дезинфексия), мулоим шудани пуст (вазелини бор) ва г. истифода мебаранд.
Д.-и умуми гайр аз адвиёт васоити захмбанди – пакети захмбанди, бинт ва пахтаи тоза, лейкопластир (ниг. Мархами часпак), тофтабанди резини (барои муваккатан нигох доштани хун), чабира (шина; барои бастани дасту пои шикаста ё баромада), хароратсанчи тибби, истаконча (барои нушидани дору), ваннача (барои шустани чашм) низ дорад.
Вобаста ба синну сол, вазъи саломати ва ахли оила дар Д.-и хона дигар адвиёт ва васоити нигохубини бемор низ мавчуданд. Одатан, ин васоит аз дорухона хангоми муолича бо фармоиши духтур бе дорухат ё бо дорухат харида мешавад.
Дорукутии модар ва кудак асосан барои нигохубини кудаки ширмак пешбини шудааст. Он аз чочак, обдуздаки нугаш мулоим, доручаконак, хароратсанчхо (барои чен кардани харорати бадан ва об), лиф, плёнкаи полиэтилени, дока, собуни кудакона, дорухои зидди уфунат, махлули спиртии йод, перманганати калий, кислотаи борат, васоити захмбанди (бинт ва пахтаи тоза, лейкопластир), равгани вазелин (доруи захмро нармкунанда), креми кудакона, упо (барои чинхои пусти кудак) ва г. иборат мебошад.
Дорукуттии ронандагон дар васоити наклиёт гузошта мешавад. Тавассути он хангоми дар рох ба фалокат дучор омадан ронандагон ё мусофирон ба худ ё ба якдигар ёри мерасонанд. Дар дохили дорукутти валидол, перманганати калий, ампулаи махлули аммиак, махлули 5-фоизаи спиртии йод, инчунин бинт, пахта, лейкопластир, пакети захмбанди, тофтаи хунбанд ва г. гузошта шудааст.
Дорукуттии шахсии АИ-2 барои ёри расонидан ба худ ё ба каси дигар хангоми захролуди аз силохи ядрои ё химияви, пешгири ё кам кардани таъсири омилхои зарарнок, рох надодан ба беморихои сирояти ва г. истифода мешавад. Дорукуттии шахси аз мачмуи адвиёт (дорухои дардбар, зидди радиатсия, зидди бактерияхо ва г.), ки дар дорудонхои пластмассии ранга ё шпритс-тюбик чой дода шудааст, иборат мебошад. Ин адвиётро дар хоначахои куттии пластмассии норанчи гузоштаанд (дар сарпуш ва дастурамали он тарзи истеъмоли адвиёт нишон дода шудааст).
Доруи рафъи дард (хоначаи № 1) дар шпритс-тюбик чойгир аст; онро барои пешгирии холати шок хангоми шикастани устухон, сахт захмдор шудан ё сухтани бадан, ки боиси дарди сахт мегардад, истифода мебаранд.
Доруи зидди пайвастхои захрноки органикии фосфор курси антидот мебошад, ки дар дорудони сурх (хоначаи № 2) чой дода шудааст. Кормандони санитари пеш аз ба махалли захролуд рафтан, яктои аз курси ин дору истеъмол мекунанд. Ахоли доруи антидотро яктои баъд аз бонги хатари мудофиаи граждани истифода мебарад. Дар аснои пайдо шудани нишонахои захролуди боз як курси онро истеъмол кардан зарур аст (такр. баъд аз 5 – 6 соат).
Доруи зиддибактериявии № 2 (хоначаи № 3) дар дорудони калони сафед чойгир аст. Онро хангоми аз афканишоти радиатсиони халал ёфтани кори узвхои хозима истеъмол мекунанд (рузи аввал якбора 7 дона ва ду рузи оянда 4-тои дору мехуранд).
Доруи зиддирадиатсионии № 1 (хоначаи № 4) дар ду дорудони сурхранги сиёхтоб чойгир аст. Хангоми хатари шуоъзани доштани махал истеъмол мекунанд (6-тои онро бо об фуру мебаранд). Хангоми аз нав пайдо шудани хатари шуоъзани баъд аз 4 – 5 соат боз 6-тои дигарашро истифода мебаранд.
Доруи зиддибактериявии № 1 (хоначаи № 5) зардранг буда, дар ду дорудони беранги чоркунча чой дода шудааст. Онро хангоми хавфи захролудии бактерияви, дар аснои зохир шудани нишонахои беморихои сирояти, инчунин барои пешгирии бемори хангоми дар махалли беморихои сирояти кор кардан истеъмол мекунанд. Аввал 5 (дорудони якум) ва пас аз 6 соат боз 5-тои дигар (дорудони дуюм)-и онро мехуранд.
Доруи зиддирадиатсиявии № 2 (хоначаи № 6) дар дорудони сафед чойгир аст. Онро баъд аз боришоти радиатсияви ё хангоми нушидани шири гове, ки дар махалли захролуд чаридааст, истеъмол мекунанд. Дар давоми дах руз хам ба одами калонсол ва хам ба кудак хар руз яктои ( бо максади рох надодан ба чамъшавии йоди радиоактив дар гадуди сипаршакл, ки бо шир ворид мегардад) истеъмол кардани дору тавсия шудааст.
Доруи зидди кай (хоначаи № 7) дар дорудони кабуд гузошта шудааст. Як курси онро пас аз зарб хурдани сар ва контузия истеъмол мекунанд.
Дорухои зидди пайвастхои органикии фосфор ва доруи зидди кайро ба кудаки то 8-сола чоряки курс ва ба 8 – 15-сола нисфи курс медиханд; дорухои диг. бо вояи кам мутобики нишондоде, ки дар Д. хаст, дода мешаванд.
Дорукуттии шахсии АИ-1 барои ёрии тиббии хизматчиёни харби ба кор бурда мешавад. Аз дорукуттии АИ-2 бо он тафовут дорад, ки доруи зидди пайвастхои органикии фосфор махлул буда, дар шпритс- тюбик чой дода шудааст.
Тарзи дар хона нигох доштани адвиёт. Дорухо аз таъсири рушнои, нами, гарми ва ба мурури гузаштани мухлати истифода вайрон мешаванд. Зери таъсири ин омилхо сифати як катор дорухо кохиш ёфта, дар дорухои дигар мумкин аст моддахои захрнок хосил шаванд. Аз ин сабаб ба коидахои нигахдори ва мухлати истеъмоли дору катъи риоя намудан зарур аст.
Тамоми адвиёт, чи дорухои дар завод ва чи дорухои дар дорухона аз руи нусхаи духтур тайёркарда барчасб (этикетка) дорад. Дар руи он, одатан, ба гайр аз ном ва микдори дору, инчунин мухлати истифода навишта шудааст. Агар мухлати истифодаи адвиёт нишон дода нашуда бошад, онро аз 5 сол зиёд нигох намедоранд. Дорухона хукук надорад, ки доруи мухлати истифодааш гузаштаро ба ахоли фурушад. Баъзан баъд аз тадкикоти махсус мухлати истифодаи як катор адвиётро дароз мекунанд (одатан, он ба нисфи муддати асосии истифодаи дору баробар аст). Инро идораи дорухонахо дар барчасби иловаги ё дар руи куттии дору навишта, ахолиро огох мекунад. Дар руи куттии доруе, ки дар завод истехсол шудааст, чунин маълумот оварда шудаанд: ракамхои аввал – серияи дору, ду раками навбати – мох ва ду раками охир – соли истехсоли дору аст.
Дар барчасби адвиёте, ки дар дорухона аз руи нусхати духтур тайёр карда шудааст, гайр аз номи дору, рузи истехсол, тарзи истеъмол ва диг. маълумоти огохкунанда, аз чумла тарзи нигахдошт (мас., «Дар чои салкин ва торик нигох доред») кайд карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки доруро дар чои салкини харораташ аз 12 – 15ºС паст, яъне дар яхдон нигох бояд дошт. Дорухоеро, ки дар руи онхо «Захр», «Эхтиёт кунед», «Аз оташ хифз намоед», «Аз кудакон махфуз доред» ва г. навишта шудааст, дар ягон чо кулф карда мондан лозим, то ки барои кудакон дастрас набошанд (ногуфта намонад, ки бештари адвиёт шакли чолиб дорад). Тарзи нигохдории адвиёт, одатан, дар руи кутти ё дар дастуруламали даруни он навишта шудааст.
Мухлати нигахдори ва истеъмоли бисёр дорухое, ки дар дорухона тахия шудаанд, хеле кутох аст. Аз ин сабаб онро харчи зудтар истеъмол мекунанд. Мас., доруи чашм, махлулхои тазйики, киём ва чушобахоро на дертар аз ду шаборуз, эмулсия ва суспензияхоро на дертар аз 3 шаборуз ва диг. адвиётро дар давоми 10 шаборузи баъд аз фармоиш аз дорухона гирифтан зарур аст. Чушоба ва киёми обии растанихои шифои (гули хайри, аспарак, афсонак, халанч ва г.) зуд вайрон мешаванд. Дар харорати хона онхоро 2 – 3 руз ва дар яхдон 5 – 6 руз нигох медоранд. Хангоми вайрон шудан ранги чушоба ва киём хира мегардад ё магор мекунад. Адвиёт (махлул, мархам)-е, ки дар таркибаш антибиотик дорад, инчунин доруи чашм, ки онро факат 7 – 10 руз кор фармудан мумкин аст, хеле тез вайрон мешавад. Мухлати истеъмол ва нигахдошти доруи чашм, ки дар завод истехсол ва дар шпритс – доручаконак гирифта шудааст, нисбатан зиёд мебошад.
Д.-и хонагиро соле на камтар аз ду маротиба аз назар мегузаронанд. Адвиётеро, ки барчасб надорад, навиштачоташ нофахмост, кухна, хира, сиёх ё догдор шудааст, мепартоянд. Дар ин хол бояд бохабар шуд, ки дору тасодуфан ба дасти кудак наафтад.
Нодуруст нигох доштани дору ва муносибати беэхтиётона нисбати онхо метавонад боиси фалокат гардад. Ба риояи чунин коида одат кунед: хамеша пеш аз истеъмоли дору навиштачоти онро хонед ва итминон хосил кунед, ки он доруи ба шумо даркори буда, шаклаш дигар нашудааст. Махсусан хангоми ба кудак дору додан боэхтиёт будан зарур аст. уро омузонидан лозим аст, ки бе назорати калонсолон дору нахурад.
Барои нигох доштани адвиёт чевончаи махсуси кулфдор хеле кулай аст. Дар даруни он дорухои хурдани ва адвиёти молиданиро аз хам чудо гузоред. Адвиёти захрдорро кулф монед. Доруи кудакро алохида нигох доред. Адвиёт (драже, дорухои руяшон ранга)-еро, ки ба конфет монанд мебошанд, хеле эхтиёт карда, аз чашми кудак дур гузоред.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …