Главная / Илм / ДОРУХОИ ТАБШИКАН

ДОРУХОИ ТАБШИКАН

amidopirinДОРУХОИ ТАБШИКАН, моддахое, ки хангоми таблазра харорати баданро паст мекунанд. Харорати бадан зимни табларза (сарфи назар аз сабабхое, ки онро ба вучуд овардааст) ва дар натичаи ихтилоли таносуби гармии организм (вакте ки хосил шудани гарми нисбат ба гармидихи зиёдтар аст) баланд мешавад. Бинобар ин ба сифати Д. т., одатан, давохое истифода мегарданд, ки ихрочи гармиро афзун менамоянд. Инхо дорухои синтези, яъне аналгетикхои гайринаркози мебошанд, мас., кислотаи атсетилсалитсилат, амидопирин, аналгин, фенатсетин, парасетамол ва г. Асал ва тамашк низ табшикан махсуб мешаванд.
Д. т. ангезиши марказхои танзими харорати магзи сарро тагйир медиханд. Дар натича рагхои пуст васеъ шуда, араки бисёр хорич мегардад. Бинобар гармидихии зиёд харорати бадан мефарояд. Вале дар ин сурат Д. т. сабаби бемориро бартараф накарда, баъзан (мас., хангоми беморихои сирояти) хатто мумкин аст шифои мариз ба таъхир афтад (зеро баланд шудани харорати бадан дар ин хол аксуламали мухофизии организм мебошад). Аз ин ру хангоми беморихои сирояти бе таъиноти духтур истеъмол намудани Д. т. мумкин аст ташхис ва табобатро душвор гардонад. Бинобар ин, хангоми баланд шудани харорати бадан ба тарики худмуолича истифода бурдани Д. т. чоиз нест. Дар давраи истеъмоли Д. т. риояи катъии тавсияхои духтур зарур аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …