Главная / Илм / ДЕРМАТОФИТИЯ

ДЕРМАТОФИТИЯ

dermatofitiiaДЕРМАТОФИТИЯ, бемориҳое, ки занбӯруғҳои ҷинси Trihophyton, Mucrosporum ва Epidermophyton меангезанд. Д. бештар ба пӯст, мӯй ва нохунҳо осеб мерасонад. Хусусан Д.-и панҷаи по маъмул аст. Он ба таври музмин зуҳур ёфта, асосан пӯсти байни ангуштони чорум ва панҷум зарар мебинад.
Дар бисёр маризон Д.-и попанҷа бо Д.-и нохунҳо ҳамроҳ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа нохунҳо дурушт ва ғафс шуда, ранги табиии худро гум мекунанд. Аҳёнан Д.-и қадкашак низ ба мушоҳида мерасад. Ба он асосан мардҳо гирифтор мешаванд. Дар мавриди беморӣ чинҳои қадкашак сурх шуда, сабӯсак ҳосил мекунанд (хоя осеб намеёбад).
Солҳои охир Д.-и қисми мӯйдори сар бештар дучор меояд. Ангезандаи он Trichophyton tonsurans мебошад. Ҳангоми ҷараёни музмин касб кардани беморӣ мӯй рехта, пӯст мисли сабӯсак хушк ва майда мешавад. Д.-и бадан бо пайдоиши илтиҳоб (гоҳо бидуни илтиҳоб) сурат мегирад.
Д.-ро бо доруҳои зидди занбӯруғӣ муолиҷа менамоянд.
Ад.: Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …