Главная / Илм / ДЕРМАТОФИТИЯ

ДЕРМАТОФИТИЯ

dermatofitiiaДЕРМАТОФИТИЯ, беморихое, ки занбуругхои чинси Trihophyton, Mucrosporum ва Epidermophyton меангезанд. Д. бештар ба пуст, муй ва нохунхо осеб мерасонад. Хусусан Д.-и панчаи по маъмул аст. Он ба таври музмин зухур ёфта, асосан пусти байни ангуштони чорум ва панчум зарар мебинад.
Дар бисёр маризон Д.-и попанча бо Д.-и нохунхо хамрох ба вучуд меояд. Дар натича нохунхо дурушт ва гафс шуда, ранги табиии худро гум мекунанд. Ахёнан Д.-и кадкашак низ ба мушохида мерасад. Ба он асосан мардхо гирифтор мешаванд. Дар мавриди бемори чинхои кадкашак сурх шуда, сабусак хосил мекунанд (хоя осеб намеёбад).
Солхои охир Д.-и кисми муйдори сар бештар дучор меояд. Ангезандаи он Trichophyton tonsurans мебошад. Хангоми чараёни музмин касб кардани бемори муй рехта, пуст мисли сабусак хушк ва майда мешавад. Д.-и бадан бо пайдоиши илтихоб (гохо бидуни илтихоб) сурат мегирад.
Д.-ро бо дорухои зидди занбуруги муолича менамоянд.
Ад.: Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …