Главная / Ҷамъият / Дар баёни уқубати ғайбат кардан

Дар баёни уқубати ғайбат кардан

Дар баёни уқубати ғайбат кардан

Акнун бародар ва хоҳари азиз бидон, ки ғайбат кардан яке аз гуноҳони бузург аст. Ин дар замони мо дар байни инсонҳо бисёр ҷорй шудааст ва аксарияти мардум бо ин кори номашруъ гирифторанду парвое надоранд. Аммо шумо эҳтиёт кунед, ки ба ин иллат гирифтор нашавед. Зеро ки дар охир пушаймон мешавед ва пушаймонӣ фоидае надорад.

Ҳақ таъоло дар каломи маҷиди худ аз ғайбат кардан мань карда, гуфта аст, ки “ғайбат накунед баъзеатон баьзе дигаратонро, ки ғайбат кардан баробар аст, ба хурдани гӯшти бародари мурда”.

Ба бадӣ ёд кардани шахсеро, ки дар назди ту ҳозир набошад, ғайбат аст.

Ҳикоят. Холид бинни Рабиъ мегӯяд: вақге бо ёрони худ дар масҷиди ҷомеъ будем, мусулмонеро ғайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёҳи бо ҳайбат даромад ва пораи гӯшти гандаи хукро бар табақе ниҳода биёварду дар пеши ман ниҳода бонг бар ман зад, ки бихӯр.

Гуфтам: – Ман мусулмонам ва мусулмон гӯшти хук нахӯрад.

Гуфт: – Гӯшти мусулмонро метавонӣ хурдан, ки он ҳазор бор аз ин ҳаромтар аст, – ва аз он гӯшт бибуриду дар даҳони ман ниҳод.

Бедор шудам он гӯшт дар даҳони ман буд ва бӯи гандаи он то чиҳил рӯз аз даҳони ман меомад.

Ғайбаткунанда дӯсти шайтон аст.

* * *

Макун ғайбат агар ақлат тамом аст,

Ки гуфтори ту дар ғайбат ҳаром аст.

Агар айби ту гардад бар ту зоҳир,

Ба айби кас қуҷо пардозӣ охир.

* * *

Илоҳӣ забони моро аз ғайбат нигоҳ дор ва хасмони моро аз мо розӣ гардон, омин.

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Падар ва фарзандон

Шеър дар бораи кӯдакӣ

Тифлию шашсолагӣ дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …