Главная / Чамъият / Дар баёни укубати гайбат кардан

Дар баёни укубати гайбат кардан

Дар баёни укубати гайбат кардан

Акнун бародар ва хохари азиз бидон, ки гайбат кардан яке аз гунохони бузург аст. Ин дар замони мо дар байни инсонхо бисёр чорй шудааст ва аксарияти мардум бо ин кори номашруъ гирифторанду парвое надоранд. Аммо шумо эхтиёт кунед, ки ба ин иллат гирифтор нашавед. Зеро ки дар охир пушаймон мешавед ва пушаймони фоидае надорад.

Хак таъоло дар каломи мачиди худ аз гайбат кардан мань карда, гуфта аст, ки “гайбат накунед баъзеатон баьзе дигаратонро, ки гайбат кардан баробар аст, ба хурдани гушти бародари мурда”.

Ба бади ёд кардани шахсеро, ки дар назди ту хозир набошад, гайбат аст.

Хикоят. Холид бинни Рабиъ мегуяд: вакге бо ёрони худ дар масчиди чомеъ будем, мусулмонеро гайбат карданд ва ман манъ накардам. Он шаб дар хоб дидам, ки марди сиёхи бо хайбат даромад ва пораи гушти гандаи хукро бар табаке нихода биёварду дар пеши ман нихода бонг бар ман зад, ки бихур.

Гуфтам: – Ман мусулмонам ва мусулмон гушти хук нахурад.

Гуфт: – Гушти мусулмонро метавони хурдан, ки он хазор бор аз ин харомтар аст, – ва аз он гушт бибуриду дар дахони ман ниход.

Бедор шудам он гушт дар дахони ман буд ва буи гандаи он то чихил руз аз дахони ман меомад.

Гайбаткунанда дусти шайтон аст.

* * *

Макун гайбат агар аклат тамом аст,

Ки гуфтори ту дар гайбат харом аст.

Агар айби ту гардад бар ту зохир,

Ба айби кас кучо пардози охир.

* * *

Илохи забони моро аз гайбат нигох дор ва хасмони моро аз мо рози гардон, омин.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …