Главная / Илм / ДАМКуТОХи

ДАМКуТОХи

ihtiloli-havoДАМКуТОХи (Dyspoë), ихтилоли басомад ё амикии нафаскаши, ки боиси эхсоси норасоии хаво мегардад. Сабаби Д. мумкин аст ихтилоли ягон аъзои фаъолияти нафаскаши бошад, ки дар он кишри майна, маркази нафас, асабхои хароммагз, мушакхо, сандуки сина, диафрагма, шуш, силсилаи дилу рагхо, хамчунин хун (газхоро интикол медихад) ширкат меварзанд. Агар танзими асабии нафаскаши халал наёфта бошад, пас Д. хусусияти чуброни касб мекунад, яъне он ба пурра кардани норасоии оксиген ва хорич намудани гази карбонати зиёдати равона шудааст. Д. гуногун мешавад.
Д.-и маркази ба ихтилоли кишрии маркази нафаскаши ва осеби он вобаста аст. Хангоми неврозхо (аксар дар мавриди гашён) Д. бо тахипноэ рух менамояд, яъне нафаскаши руяки ва тез мешавад (баъзан то 50 – 70 харакати нафасгири дар 1 дак.). Дар чунин холатхо ба бемор доруи таскинбахш додан лозим аст: накеъи нардсунбул (дар 30 мл об 1 чумча).
Д.-и баста ба ихтилоли диафрагма ва сандуки сина дар аснои халал ёфтани харакати диафрагма ё сандуки сина (метеоризм, кифоз, сколиоз, дарди сандуки сина ва г.) ва ё дар чавфи шушпарда бисёр гун шудани об (мас., гидроторакс) падид меояд. Хангоми ин нафас сатхи ва тез мешавад; дар мавриди кори чисмони зуд тахипноэ рух менамояд. Барои муоличаи чунин холат сабаби онро рафъ сохтан лозим аст (пунксияи плевра, истифодаи найчахои газбарор ва г.).
Д.-и шуши метавонад хангоми хурд шудани сатхи шуш ё пурра кашиш нахурдани бофтахои он, ихтилоли нуфузпазирии бронххо, диффузияи газхо дар алвеолахо ба вучуд ояд. Бисёр вакт сабаби Д.-и шуши халал ёфтани нуфузпазирии бронххо бинобар ташаннуч, варам ё бо балгам баста шудани онхо мебошад. Дар мавриди бемори хангоми нафас кашидан шуш садо мебарорад.
Д.-и дили бинобар нукси кисми чапи дил пайдо мешавад. Хангоми хунро кам фиристодани дил тагзияи майна халал ёфта, Д. рух менамояд. Дар венахои шуш дармондани хун ба мубодилаи газхо халал ворид сохта, хаво гирифтани шушро душвор мегардонад. Дар натича нафасгири тез ва амик мешавад; бемор мачбур аст, ки барои осон шудани нафасгири мавкеи мувофик чуяд. Чунин тарзи Д. шабона, вале бештар хангоми кори чисмони ба вучуд меояд. Дар аснои Д.-и дили бисёр вакт варам, акросианоз, хунук шудани дасту по мушохида мешавад.
Д.-и гематогени дар натичаи ба маркази нафас таъсир расондани моддахои турш (хангоми атсидоз) ё махсули мубодилаи халалёфта (хангоми иллати гурдахо ва чигар) пайдо мешавад. Атсидоз ба тез ва амик шудани нафаскаши боис мегардад (полипноэ). Дар холатхои вазнин (игмои диабети) аз шуш садои баланд меояд.
Табобати хама шаклхои Д. ба рафъ намудани сабабхои онхо равона мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …