Главная / Гуногун / БОЯД ПАСПОРТ БИГИРАМ – Шеър

БОЯД ПАСПОРТ БИГИРАМ – Шеър

Шеър дар бораи Шиноснома – паспорт

Гарчи пенсионерам,
Аз зиндагонӣ серам.
Акнун барои симкорт,
Бояд паспорт бигирам!

Ин паспорти нодаркор,
Дар ҳеҷ ҷо наояд кор,
ВАЙБЕРУ ИМО даркор,
Бояд паспорт бигирам!
pasport

Сад раҳ паспортам нав шуд,
Пайсаам дар гарав шуд,
Агарчи сӯхт, алав шуд,
Бояд паспорт бигирам!

Хоҳед, ки пул бичинед,
Дар ҷамоат нишинед,
Очерадро бубинед,
Бояд паспорт бигирам!

Ҳолам агарчи шуд бад,
Ин пагоҳ дар «очерад»,
Фармонро накунам рад,
Бояд паспорт бигирам!

Фишорам ҳам боло шуд,
Ҳушам рафту беҷо шуд,
Дар гӯшам ин садо шуд:
Бояд паспорт бигирам!

Интернет арзон шуд,
Он ҷои ошу нон шуд,
Паспорт балои ҷон шуд,
Бояд паспорт бигирам!

Нанолам аз нотобӣ,
Аз бепулӣ, бехобӣ,
Баҳри интернеткобӣ,
Бояд паспорт бигирам!

Пул рафтан набошад ҷабр,
Намекунам дигар сабр,
Ба рафтан ба сӯйи қабр,
Бояд паспорт бигирам!

——-*****———–

ГУФТАМ ПАСПОРТ
       МЕГИРАМ….
АЗ ГУШНАГИ ҲАМ МИРАМ,
ГУФТАМ ПАСПОРТ МЕГИРАМ!
ПАСПОРТИ ПДАСТИКИ,
НОБУТИ СИМУ ДИРАМ.
РАФТАМУ МАН ФАҲМИДАМ,
БА ЧАШМИ ХУД ҲАМ ДИДАМ.
ГУФТ ОР ҲУҶАТИ ТИББИ,
БА ГУШИ ХУД ШУНИДАМ.
ПУЛРО КАРДА ТИТУ ПИТ,
КУН ТАШХИСИ ГИПОТИТ.
РАВ БОЗ ХУНАТА СУПОР,
НЕСТИ БЕМОРИ СПИД?
ҲАМАШРО КАРДАМ ҲИСОБ,
ЧАШМОНАМ ШУД ПУРИ ОБ.
МЕШАВАД 400 СОМОН,
ЧИ ГУЯМ МАН ДАР ҶАВОБ?
НАДОРИ ГАР СИМУ ЗАР,
БОШИ ТУ БЕМОР АГАР.
ХОҲИ СИҲАТ ШАВИ БОЗ,
ПАСПОРТ МЕГИРИ АЗ САР.
ДАР ОТАШ МИСЛИ МУЕМ,
ИН ДАРД БА КИ БИГУЕМ?
ТО КАЙ УМРЕ ДАР АЗОБ?
ҲАҚИҚАТРО МЕҶУЕМ?
МО МАГАР ХУД ТАЙЛОҚЕМ?
Ё АЗ ЯГОН АЙЛОҚЕМ.
ИН ҚАДАР ДАР АЗОБЕМ,
БОЗ МЕГУЯНД ЗУҚОҚЕМ?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …