БОСИРА (Visus, visio), бинои, биниш, яке аз узвхои хисси панчгона; кобилияти дарки андоза, шакл ва ранги ашё, чойгири ва масофаи байни онхо. Чашми инсон факат мавчхои нури дарозиашон муайян – тахминан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Нурхои дарозиашон кам (ултрабунафш), ё зиёд (инфрасурх) дар инсон эхсоси бинишро ба вучуд намеоранд.
Нурхои рушноии чизхои дидашаванда ба воситаи гавхарак ба чашм гузашта, ба турпардаи хисси рушнои (шабакия), аз чумла ба хучайрахои он – хучайрахои махрутшакл ва каламчашакл таъсир мерасонанд ва дар онхо ангезиши асабро ба вучуд меоранд. Ин ангезиш ба воситаи асаби бинои ба маркази кишри Б., ки дар магзи пушти сар (ниг. Системаи асаби маркази) вокеъ аст, интикол меёбад. Дар ин чо ангезиши нури дар шакли образхои муайян ва таассурот дарк карда мешавад.
Дар шабакия такрибан 7 млн. хучайраи махрутшакл ва 12 млн. хучайраи каламчашакл мавчуд аст. Микдори асосии хучайрахои махрутшакл дар маркази шабакия, ки доги зард ном дорад, чойгир шудаанд. Баробари аз марказ дур шудан, микдори хучайрахои махрутшакл кам мешавад, вале шумораи хучайрахои каламчашакл меафзояд. Дар канори шабакия факат хучайрахои каламчашакл хастанд. Онхо кобилияти хеле баланди хисси нурро дошта, барои дар шомгохон ё шаб дидан мусоидат мекунанд.
Кобилияти чашм дар бобати фарк кардани тобишхои хеле зиёди рангхои гуногун багоят мухим аст. Хамаи тобишхои ранги хангоми омезиш ёфтани чанд ранге аз хафт ранги асосии спектр – сурх, норанчи, зард, сабз, кабуд, нилоби ва бунафш ба вучуд меояд. Олими рус М.В Ломоносов исбот намуд, ки асоси спектро се ранг – сабз, сурх ва бунафш (ё нилоби) ташкил медихад; рангхои дигарро бошад, дар натичаи омезиш додани се ранг хосил кардан мумкин аст. Дар хамин асос Т. Юнг ва Г. Гелмголтс тахмин намуданд, ки дар шабакия се унсур (ё таркиб) вучуд дорад ва хар яке аз он барои бештар дарк намудани факат яке аз ин рангхо таъин гардидааст. Дар аснои ба чашм таъсир расонидани нурхои рангин мувофикан ин ё он унсур ангезиш меёбад, ки барои дарки гуногунии тобишхои рангхо имконият медихад. Назарияи сертаркибаи биниши рангхо назарияи маъмул бошад хам, акидаи ягона нест (ниг. Рангбини). Б.-и шабона аксар вакт хангоми дар хурок кам будани витамини А (ниг. Витаминхо, Витаминкохиш) халал меёбад. Хучайрахои махрутшакл, ки ба торики хассосияти кам доранд, асосан Б.-и рузонаро таъмин намуда, шакл, ранг ва чузъиёти предметро нагз фарк мекунанд.
Доги зард, хусусан чукурчаи маркази он, ки факат аз хучайрахои махрутшакл иборат аст, чои Б.-и равшан, яъне Б.-и маркази мебошад. Кисмхои дигари шабакия ба Б. и. пахлуи ё канори мусоидат менамоянд (бо он шакли предмет норавшан дарк карда мешавад). Б.-и маркази дидани чузъиёти хурди предметхо, Б.-и канори бошад, имконияти дар фазо муайян намудани мавкеъро таъмин месозад.
Эхсоси шабакияи чашм ба рушнои хеле баланд аст. Рушноии шамъ дар шаби торик дар масофаи чанд километр дарк карда мешавад. Кобилияти баланди тагийрпазирии ин гуна хассоси ба узви бинои имкон медихад, ки хам дар равшани ва хам дар торики дида тавонад.
Кобилияти мувофик гаштани чашм ба идроки нурхои рушноиашон гуногун мутобикат ном дорад. Барои фаро расидани мутобикати комил, одатан, чанд муддат лозим аст.
Кобилияти чашм дар бобати алохида фарк кардани ду нуктаи масофаашон нихоят кам (минимали) тезии Б. ном дорад. Меъёри тезии Б. кунче мебошад, ки нурхои аз ин нуктахо раванда ташкил кардаанд. Ин кунч хар кадар хурд бошад, чашм хамон кадар хуб мебинад. Бузургии минималии кунчи Б.-и аксар одамон ба 1 дак. баробар аст. Тезии биниши чашм, ки кунчи камтарини босирааш 1 дак. мебошад, хамчун вохиди тезии Б. кабул шудааст, вале ин бузургии миёнаи норма мебошад. Тезии чашми баъзе одамон аз вохид камтар ва одамони дигар аз вохид зиёдтар аст. Барои муайян кардани тезии Б. чадвалхои махсусро истифода мебаранд, ки дар онхо аломатхои озмоиши андозаашон гуногун – харфхо, халкахо, суратхо сабт ёфтаанд. Барои бахо додан ба Б.-и канори бо асбобхои махсус худуди майдони Б., яъне кисми фазоеро, ки бо чашми бехаракат дида мешавад, муайян мекунанд.
Хангоми бо харду чашм дидани предмет тасвири он ба нуктахои якхелаи шабакияи хар ду чашм меафтад ва одам предметро на чуфт, балки яклухт мебинад. Агар тасвири предмет ба китъахои якхелаи шабакияи хар ду чашм наафтад, хар чиз дуто менамояд, яъне холати ахвали ба вучуд меояд. Б.-и муътадили якчоя бо харду чашм Б.-и бинокуляри ё стереоскопи номида мешавад; он барои идроки анику комили предмети дидашаванда ва дуруст муаян намудани чой дар фазо мусоидат мекунад.
Барои нигох доштани Б.-и муътадил фарохам овардани шароити мусоиди бехдошт ахамияти калон дорад. Аз ин чихат равшании дурусту кофи басо мухим аст. Барои бемонеа ба хона афтидани равшании руз шишахои тирезаро тоза нигох доштан лозим аст; дар зертахтаи тиреза гулхои баланд гузоштан лозим нест. Ба тирезахо барои бартараф намудани таъсири нурхои рости офтоб бояд пардахои сафед овехт. Равшании табии дар хона аз дарачаи инъикоси рушноии руз дар сакф, деворхо, мебел ва диг. ашё вобаста аст. Бинобар ин ашёи инъикоси рушнои бояд бо тобишхои сафед ва бештар зарди сабзтоб ранг карда шаванд.
Барои рушноии сунъи аз лампахои люминестсенти истифода бурда мешавад. Рушноии онхо ба рушноии руз наздик ва барои чашм гуворо мебошад. Дар хона барои кор бояд дар назди тиреза чои равшан чудо карда шавад. Шомгох аз лампаи 40 – 60 ваттаи сарпушаш ношаффоф истифода бурдан бехтар аст. Онро дар болои миз тавре гузоштан лозим, ки рушнои аз тарафи чап факат ба чои кори афтад, чашм бошад, дар чои соя монад. Масофаи байни чашм ва китоб (ё дафтар) бояд ба хисоби миёна 30 – 35 см бошад. Он такрибан ба дарозии даст аз оринч то нуги ангуштон баробар аст. Чунин масофа чашмро хаста намесозад ва барои хам нашуда нишастан имкон медихад. Дар равшании хира, хангоми рохгарди ва дар наклиёт хондани китоб мумкин нест. Холати ноустувори китоб ё газета дар вакти харакати наклиёт хонданро душвор мегардонад, барои ба чашм хеле наздик овардани матн мачбур мекунад ва боиси хастагии чашм мегардад.
Кори Б.-ро бо истирохати чашм андархам кардан мухим аст. Баъди хар 30 – 40 дак. кор 10 дак. истирохат бояд кард. Хангоми тамошои барномахои телевизион аз экран дар масофаи камаш 2,5 метр дур истед. Дар айни вакт хона бояд ба таври муътадил равшан бошад.
Ба гигиенаи Б.-и кудакон диккати махсус бояд дод. Бо ин максад барои кудакон меъёрхои кори босирави тартиб дода шудаанд. Ба нишасти дурусти онхо дар вакти машгулият, ба равшании бояду шояди чойи кор ва риояи катъии тартиби руз эътибор додан зарур аст. Баъди андаке шикояти кудак аз хастагии чашм уро фавран ба духтури офталмолог нишон дихед. Ниг. низ Чашм.
КЛ
Сохтори гузаи чашм; бурриши дар сатхи амуди.
Качии гуногуни гавхарак: аз чап – хангоми суст будани мушаки мижгони; аз рост – хангоми кашиш ёфтани мушаки мижгони. 1 – карния (шохпарда); 2 – дахлези пеши чашм; 3 – гавхарак (булурак); 4 – инабия; 5 – дахлези кафои чашм; 6 – конъюнктива (мултахима); 7 – мушаки рости латерали; 8 – сафедпарда; 9 – рагпарда (хориоидеа); 10 – шабакия; 11 – чукурчаи маркази; 12 – асаби босира; 13 – чукурии курс (диск); 14 – мехвари беруни чашм; 15 – мушаки медиалии рост; 15 – мехвари кундаланги гузаи чашм; 16 – мехвари кундаланги гузаи чашм; 17 – чисми мижгони; 18 – тасмачаи мижгони; 19 – мехвари босира.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …