Главная / Гуногун / Борон чист?

Борон чист?

Абрҳо ҳамеша дар ҳаракат буда, онҳоро шамол меронад. Ҳиссачаҳои майдаи об дар онҳо бо ҳамдигар вайваст шуда, қатраҳои калонро ташкил медиҳанд. Абрҳо тирагун мегарданд. Ин абри сиёҳ мебошад. Бо зиёд шудани андозаи қатраи борон дар онҳо, онҳо вазнин мешаванд. Дар натиҷа онҳо наметавонанд дар абрҳо қарор бигиранд, дар шакли боронҳо замин меафтанд.

Агар дар муддати 1 дақиқа беш аз 1 мм боришот борад, пае чунин боронро борои сел меноманд. Борони сел, ки дар муддати кӯтоҳ меборад, метавонад зарар оварад.

boron

Чунин боронҳо махсусан дар куҳҳо хатарнок аст, зеро обе, ки дар натиҷаи борон ба вуҷуд меояд, дар доманакуҳхо ва пасхамиҳо бо суръати тез мешорад. Вай бо худ на танҳо ҳиссачаҳои хурди заминро, балки сангҳоро мебарад.

Ҷараёни бо сайту хок омехтаи обро сел меноманд. Ҷараёнҳои селӣ шахи куҳҳоро шуста, зироатҳои киштшудаи саҳроро бурда, пеши роҳи дарёҳои куҳиро меги- ранд. Обхезӣ ба вуҷуд оварда, болои роқҳои заминӣ ва роҳҳои оҳанро зери об қарор дода, марказҳои аҳолинишинро зери шағалу сангпора мегузоранд. Чунин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои кишвари мо дар фасли баҳор рух медиҳанд. Барои ги- рифтани пеши роҳи селҳо растаниҳо ва дарахтон аҳамияти бузург доранд. Онҳо хокро қавӣ намуда, шароитро барои табдил ёфтани ҷараёни об ба оби дохилихокӣ муҳайё месозанд.

Аз ин рӯ, растаниҳои табиии сарсабзро, ҷангалҳои бунёдшуда, дарахтон, буттаҳоро эҳтиёт бояд кард. Ҳамеша бикӯшед, то онҳоро ҳифз намоед. Онҳо Шумо- ро аз офатҳои табиӣ ҳифз мекунанд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

hqdefault

Заминдории феодалӣ дар Аморати Бухоро

Дар нимаи аввали асри XIX асосан ҳамон шаклҳои пешинаи моликияти хусусии заминдории феодалӣ – замини …