Главная / Биология / БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ: АЗ ЭПИДЕМИЯ ТО ПАНДЕМИЯ

Аз рӯи дараҷаи паҳншавӣ, бемориҳои сироятӣ метавонанд пароканда (спорадикӣ, бемориҳои ҷудогона, ки дар маҳалли муаян ва дар тӯли муаяни вақт мушоҳида мегарданд) бошанд.

Аммо агар рушди беморӣ аз дараҷаи пароканда (спорадикӣ) боло равад, дар истилоҳи тиббӣ онро эпидемия меноманд ва агар эпидемия дар ин ё он кишвар фарогир гардад ба он “пандемия” гуфта мешавад.
Дар асрҳои миёна, дар қитъаҳои гуногуни Замин пандемияи тоъун мушоҳида гардида буд. Аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи вабо гузашт.

bemorihoi-pa

Солҳои 1918-1919 тамоми кишварҳи дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи “испанка” маъруф буд, мубтало гардиданд. Ҳангоми ин пандемия, зиёда аз 500 млн. одам дар курраи Замин зуком шуданд ва 20 млн нафар аз ин беморӣ ҷони худрол аз даст доданд. Пандемияи бузурги дигари зуком соли 1957 ба вуқӯъ пайваст.

Дар ин пандемия, зиёда аз 1 миллиард нафар гирифтори зуком гардиданд. Барои мисол дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 50% аҳолӣ зуком шуданд.

Солҳои 1972-1973 пандемияи бузурги дигари зуком иттифоқ уфтод. Дар натиҷаи он 2,5 миллиард одам мубтало ба зуком гардиданд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …