Главная / Биология / Пешгирӣ кардани бемориҳои рӯъдаву меъда 

Пешгирӣ кардани бемориҳои рӯъдаву меъда 

Бемориҳои меъдаю рўда. Истеъмоли озуқаи кўҳна боиси заҳролудшавии организм шуда метавонад. Ҳангоми заҳролудшавӣ меъдаро ҳатман аз хўрок тоза кардан лозим аст. Барои ин ба зарардида якчанд истакон оби ширгарм хўронда, барои қайкунӣ бехи забон ё девори ақиби ҳалқашро бо қошуқ ё панҷаи даст ангезонидан лозим аст.

jeludka-bemori

Якҷоя бо хўрок бо роҳи ҳозима микроорганизмҳои бемориовар дохил шуда метавонанд. Аксарияти онҳо дар даҳон аз таъсири моддаҳои оби даҳон нобуд мешаванд. Баъзе микробҳоро кислотаи гидрогенхлориди шираи меъда ва моддаҳои таркиби талха безарар мекунанд. Аммо микроорганизмҳое ҳастанд, ки ба таъсири ин моддаҳо устувор мебошанд. Чунин микробҳо ба меъдаю рўда даромада, афзоиш меёбанд ва домана, исҳоли хунин, вабо барин бемориҳои сирояткунандаро ба вуҷуд меоранд. Заҳре, ки ангезандаҳои ин бемориҳо хориҷ мекунанд, организмро заҳролуд мекунад.

Исҳоли хунин, домана, вабо, сирояткунандаанд. Аз ин рў одамони ба чунин бемориҳо гирифторшударо зуд ба беморхона фиристода, манзилашонро бо усулҳои махсус тамиз (дезинфексия) мекунанд. Бемориҳои рўда аксар аз нўшидани обҳои равон, оби чоҳҳо наҳрҳо ва дигар обанборҳо ба вуҷуд меоянд. Магасҳо низ паҳнкунандаи ангезандаҳои бемориҳои рўда шуда метавонанд.

Як қисми микробҳои бемориовар ба воситаи ашёе, ки бемористифода кардааст, мегузарад. Дар муборизаи зидди бемориҳои сироятии рўда антибиотикҳоро истифода мебаранд, вале онҳоро зери назорати духтур бояд истеъмол кард. Антибиотикҳо дар баробари микроорганизмҳои бемориовар, бактерияҳои фоиданок – қаламчамикробҳои рўдаро ҳам нобуд сохта, боиси вайроншавии ҷиддии хўрок мегарданд. Ин дар навбати худ ба саломатии одам таъсири манфӣ мерасонад. Дар чунин ҳолат истеъмоли чаккаю ҷурғот, сабзавоту меваҷот, ноне, ки аз орди дурушт пухта шудааст, ба барқарор кардани қобилияти ҳаётии бактерияҳои рўда ва ба кор даромадани ҷараёни ҳозима ёрӣ мерасонад.

Бемориҳои киҷҷавӣ. Хўроке, ки дар он тухми киҷҷа (кирмимеъда) мавҷуд аст, манбаи сироят ба шумор меравад. Чунин кирмҳои меъда, ба монанди кирми кадудона ба организм ба воситаи гўшти нимбирён ё нимпаз мегузарад. Дар гўшти моҳии хом ҳам чунин кирмҳо вуҷуд дошта метавонанд.

Тадбирҳои пешгирӣ кардани бемориҳои рўда ва киҷҷавӣ. Аксар вақт дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оддитарини гигиенӣ бепарвоёна рафтор кардан, ба нойи ҳозима микробу заҳрҳо дохил мешаванд.

Дар ёд доред, ки дастонро пеш аз истеъмоли хўрок шустан, сабзавоту меваҷот (ҳатто аз боғу полизи худ ҷамъ карда) – ро тоза шуста хўрдан, болои хўрокро барои нанишастани чангу магас пўшонидан, ба ҳар восита магасҳоро нобуд кардан, оби наҷўшидаро нанўшидан, гўшт ва моҳиро нағз бирён ё пухта хўрдан лозим аст.

Дар мамлакати мо, барои пешгири кардани исҳоли хунин ва домана усули моягузаронӣ васеъ ба кор бурда мешавад. Он ба пайдоиш ва вусъати эпидемияҳое, ки одатан тобистон якбора сар мезанад, роҳ намедиҳад.

Барои пешгирии бемориҳои киҷҷавӣ дар мактабҳо мунтазам ҳама хонандагонро муоина мекунанд ва ба беморон муолиҷаи зарурӣ мефармоянд. Таъсири машрубот ва никотин ба ҳазми хўрок. Машрубот ва никотин ба системаи ҳозима таъсири манфӣ мерасонанд.

Онҳо ба меъда дохил шуда, аввал ғадудҳои меъдаро меангезанд ва кори онҳоро метезонанд. Вале дере нагузашта ғадудҳои меъда дуруст кор намекунанд ва ҷудошавии шираи меъда кам мешавад, ки иштиҳо ба он вобаста аст. Одамоне, ки тез-тез шароб менўшанд, тамоман иштиҳо надоранд ва хўрокро дуруст ҳазм ва аз худ карда наметавонанд. Дар натиҷа пардаи луоби меъдаашон бемор шуда, ба дарди гастрит (газаки меъда) дучор мешаванд.

Саовол:

  1. Ба шумо кадом бемориҳои меъдаю рўда маълуманд?
  2. Киҷҷа чӣ хел сироят мекунад?
  3. Кадом тадбирҳои пешгири кардани бемориҳои меъдаю рўда ва киҷҷавӣ мавҷуданд?
  4. Оё машрубот ва никотин ба ҷараёни ҳозима таъсири бад мерасонанд?
  5. Ҳангоми заҳролудшавии ғизоӣ чӣ хел ёрӣ расондан лозим аст?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …