Главная / Биология / Пешгири кардани беморихои руъдаву меъда 

Пешгири кардани беморихои руъдаву меъда 

Беморихои меъдаю руда. Истеъмоли озукаи кухна боиси захролудшавии организм шуда метавонад. Хангоми захролудшави меъдаро хатман аз хурок тоза кардан лозим аст. Барои ин ба зарардида якчанд истакон оби ширгарм хуронда, барои кайкуни бехи забон ё девори акиби халкашро бо кошук ё панчаи даст ангезонидан лозим аст.

jeludka-bemori

Якчоя бо хурок бо рохи хозима микроорганизмхои бемориовар дохил шуда метавонанд. Аксарияти онхо дар дахон аз таъсири моддахои оби дахон нобуд мешаванд. Баъзе микробхоро кислотаи гидрогенхлориди шираи меъда ва моддахои таркиби талха безарар мекунанд. Аммо микроорганизмхое хастанд, ки ба таъсири ин моддахо устувор мебошанд. Чунин микробхо ба меъдаю руда даромада, афзоиш меёбанд ва домана, исхоли хунин, вабо барин беморихои сирояткунандаро ба вучуд меоранд. Захре, ки ангезандахои ин беморихо хорич мекунанд, организмро захролуд мекунад.

Исхоли хунин, домана, вабо, сирояткунандаанд. Аз ин ру одамони ба чунин беморихо гирифторшударо зуд ба беморхона фиристода, манзилашонро бо усулхои махсус тамиз (дезинфексия) мекунанд. Беморихои руда аксар аз нушидани обхои равон, оби чоххо нахрхо ва дигар обанборхо ба вучуд меоянд. Магасхо низ пахнкунандаи ангезандахои беморихои руда шуда метавонанд.

Як кисми микробхои бемориовар ба воситаи ашёе, ки бемористифода кардааст, мегузарад. Дар муборизаи зидди беморихои сироятии руда антибиотикхоро истифода мебаранд, вале онхоро зери назорати духтур бояд истеъмол кард. Антибиотикхо дар баробари микроорганизмхои бемориовар, бактерияхои фоиданок – каламчамикробхои рударо хам нобуд сохта, боиси вайроншавии чиддии хурок мегарданд. Ин дар навбати худ ба саломатии одам таъсири манфи мерасонад. Дар чунин холат истеъмоли чаккаю чургот, сабзавоту мевачот, ноне, ки аз орди дурушт пухта шудааст, ба баркарор кардани кобилияти хаётии бактерияхои руда ва ба кор даромадани чараёни хозима ёри мерасонад.

Беморихои киччави. Хуроке, ки дар он тухми кичча (кирмимеъда) мавчуд аст, манбаи сироят ба шумор меравад. Чунин кирмхои меъда, ба монанди кирми кадудона ба организм ба воситаи гушти нимбирён ё нимпаз мегузарад. Дар гушти мохии хом хам чунин кирмхо вучуд дошта метавонанд.

Тадбирхои пешгири кардани беморихои руда ва киччави. Аксар вакт дар натичаи риоя накардани коидахои оддитарини гигиени бепарвоёна рафтор кардан, ба нойи хозима микробу захрхо дохил мешаванд.

Дар ёд доред, ки дастонро пеш аз истеъмоли хурок шустан, сабзавоту мевачот (хатто аз богу полизи худ чамъ карда) – ро тоза шуста хурдан, болои хурокро барои нанишастани чангу магас пушонидан, ба хар восита магасхоро нобуд кардан, оби начушидаро нанушидан, гушт ва мохиро нагз бирён ё пухта хурдан лозим аст.

Дар мамлакати мо, барои пешгири кардани исхоли хунин ва домана усули моягузарони васеъ ба кор бурда мешавад. Он ба пайдоиш ва вусъати эпидемияхое, ки одатан тобистон якбора сар мезанад, рох намедихад.

Барои пешгирии беморихои киччави дар мактабхо мунтазам хама хонандагонро муоина мекунанд ва ба беморон муоличаи зарури мефармоянд. Таъсири машрубот ва никотин ба хазми хурок. Машрубот ва никотин ба системаи хозима таъсири манфи мерасонанд.

Онхо ба меъда дохил шуда, аввал гадудхои меъдаро меангезанд ва кори онхоро метезонанд. Вале дере нагузашта гадудхои меъда дуруст кор намекунанд ва чудошавии шираи меъда кам мешавад, ки иштихо ба он вобаста аст. Одамоне, ки тез-тез шароб менушанд, тамоман иштихо надоранд ва хурокро дуруст хазм ва аз худ карда наметавонанд. Дар натича пардаи луоби меъдаашон бемор шуда, ба дарди гастрит (газаки меъда) дучор мешаванд.

Саовол:

  1. Ба шумо кадом беморихои меъдаю руда маълуманд?
  2. Кичча чи хел сироят мекунад?
  3. Кадом тадбирхои пешгири кардани беморихои меъдаю руда ва киччави мавчуданд?
  4. Оё машрубот ва никотин ба чараёни хозима таъсири бад мерасонанд?
  5. Хангоми захролудшавии гизои чи хел ёри расондан лозим аст?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …