Главная / Варзиш / Беҳрӯз Хоҷазода – Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо

Беҳрӯз Хоҷазода – Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо

Варзишгари ҷавони тоҷик Беҳруз Хоҷазода (11 январи 1995) дар варзиши тоҷик саҳифаи наве боз кард. Ӯ дар Чемпионати ҷаҳонии самбо-2017 ғолиби ин мусобиқа гардид. Ба ӯ унвони чемпиони чаҳон ва медали тиллои мусобиқаро доданд.

behruz-khojazoda

Пас аз 42 сол дар варзиши Тоҷикистон коре анҷом дода шуд, ки онро Саидмуъин Раҳимов дар соли 1975 дар Минск анҷом дода буд. Беҳруз Хоҷазода дар вазни 74 кг дар финал бар ҳарифаш аз кишвари Белорус Степан Попов бо натиҷаи 4:2 ғолиб омад. Ба шарофати ин ғалабаи ӯ парчами Тоҷикистон барафрошта ва сурди миллии кишвар танинадоз шуд.

Дар рӯзи дуюми чемпионат Акмалиддин Каримов дар вазни 57 кг медали нуқра ва Сорбон Латифов дар вазни 62 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Даври 42-юми чемпионати ҷаҳонии самбо ва самбои рамзӣ 10-12-уми ноябр дар қолиҳои Қасри варзишҳои яхии “Айсберг” дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд. Дар ин мусобиқа барои 27 маҷмӯи медалҳо талош карда мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтхаби Тоҷикистон Ҷомӣ Ҳасан (вазни 52 кг, барандаи медали биринҷии чемпионати соли гузашта), Акмалиддин Каримов (57 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ дар солҳои 2013, 2015, медали биринҷӣ дар ЧҶ дар солҳои 2010, 2014), Нозим Охиров (62 кг, барандаи медали биринҷии ЧҶ 2012), Хушқадам Хусравов (68 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2014), Беҳруз Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90 кг, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2010 оид ба самбои размӣ), Фирдавс Насимов (100 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (аз 100 кг боло, барандаи медали нуқраи ЧҶ 2010 ва 2015) шомиланд.

Барандаи медали биринҷии чепионати ҷаҳон оид ба самбо дар солҳои 2013 ва 2016 дар вазни 90 кг Комроншоҳи Устопириён имсол дар мусобиқаи самбочиён ширкат намекунад.

Соли 2016 Ҳамроз Раҷабов дар вазни 74 кг барандаи медали биринҷӣ шуда буд, аммо имсол дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон нест.

Бояд гуфт, ки самбочии маъруфи тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар даври 3-юми чемпионати ҷаҳонии самбо соли 1975 дар Минск соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шуда буд. То ҳол ба ягон варзишгари тоҷик муяссар нашуда буд, ки ин дастоварди тиллоии ӯро такрор кунад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

varzishii

МАШҒУЛИЯТҲОИ МУСТАҚИЛОНА, НАЗОРАТИ ХУДӢ

Ба машғулиятҳои мустақилона на танҳо иҷрои машқҳои варзишӣ дар дарс ва хона, балки назорати ҳаррўза …