Главная / Гуногун / Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон

Истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон

Истеҳсоли нерӯи барқ. Дар нуҳ моҳи соли 2018 истеҳсоли  нерӯи  барқ дар ҷумҳурӣ 14989,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,3 фоиз таъмин гардидааст.

Ҳамзамон истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ бо арзиши пулӣ 2490,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 107,2 фоизро таъмин гардидааст.

Аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз  ҷониби  ШСХК «Барқи Тоҷик» 12344,8 млн. кВт. соат, (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,4 фоиз),  дар  ҶСК НБО «Сангтӯда-1» 1867,8 млн. кВт.соат (138,8 фоиз), ҶСК НБО «Сангтӯда-2» 649,4 млн. кВт. соат (126,3 фоиз), ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 127,4 млн. кВт. соат (99,2 фоиз) таъмин гардидааст.

Сабаби коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ дар ҶСК «Помир-Энерҷӣ» ин гарм омадани обу ҳаво дар давраи ҳисоботӣ мебошад.

Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабрии нерӯи барқ вусъат бахшидани корҳо дар доираи лоиҳаҳои «Таҷдиди НБО-и Норак», «Таҷдиди НБО-и Қайроқкум» ва  лоиҳаи  «CASA-1000» зарур арзёбӣ мегардад.

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 332,1 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта дар ҳаҷми 105,9 ҳазор Гкал зиёд ва дар сатҳи ё 146,8 фоиз таъмин гардидааст.

Оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019»

Соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар асоси банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №586 «Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147  ба тасвиб расидааст.

Ҷиҳати иҷрои қарори мазкур аз ҷониби 29 вазорату идораҳо ва 17 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ҷиҳати тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидаанд.

Мақсади қарори мазкур ин муайян намудани супоришу тадбирҳо вобаста ба ҳалли масъалаи омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019 мебошад, ки дар 4 банд ва 44 зербанди Нақшаи чорабиниҳо муҳлати иҷрои онҳо ва мақомоти иҷрокунанда ба таври мушаххас нишон дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ҷиҳати гузаронидани мониторинги дақиқи иҷро ва арзёбии ҷорабиниҳои Нақшаи қарори мазкур он ба чор давра, яъне омодагӣ барои иҷрои Накшаи чорабиниҳо, тасдиқи нақшаҳо барои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, чорабиниҳо ҷиҳати омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, истифодаи захира ва корҳои анҷомдодашуда тибқи нақша тақсим карда шудааст.

Ҳамзамон Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои зербанди 3.25 Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» фармоиши  вазорат аз 5 сентябри соли 2018, №62-ро ба тасвиб расонида, аз 1 то 10 октябри соли 2018 ба вилоятҳо ва шаҳру нохияҳо гурӯҳҳои кории вазорату идораҳо барои гузаронидани мониторинги иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур сафарбар гардидаанд.

Дар ин росто корҳои анҷомдодашуда давра ба давра арзёбӣ гардида, мониторинги мунтазами он ба роҳ монда мешавад ва аз натиҷааш дар муҳлатҳои муқарраршуда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузоришҳо пешниҳод мегарданд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

судэкспертизаи душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисӣ дар ш. Душанбе

Экспертизаи судӣ ва криминалисти Вазорати адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ш. Душанбе, бо суроғаи кӯчаи Айнӣ …