Главная / Илм / БАРГЧОЙ

БАРГЧОЙ

chamerion_angustifoliumБАРГЧОЙ (Chamerion angustifolium), мугулчой, гиёхест бисёрсола. Аз 35 то 150 см кад мекашад. Пояи рости сербарг, барги бедумча ё кутохдумчаи нештаршакл, гули гулобии аргувони, хушагули дароз (дар нуги поя нуму меёбад), гузаи сертухм дорад.
Б. дар аксари нохияхои чумхури (дар баландии 1000 – 3200 м аз с.б.) асосан дар сохили дарёхои кухи, канори чашмахо, чуйхо, маргзору шибарзамин ва чангалзорхо месабзад.
Дар тибби халки накеъи барги Б. истифода мешавад. Бо ин максад 15 г барги онро дар як истакон оби чуш андохта, 20 дакика нигох медоранд ва хангоми захми меъдаю руда (рузе 3 маротиба пеш аз хурок якчумчаги) менушанд; давои мазкур чун воситаи зидди илтихоб низ тавсия шудааст. Чушоби Б. хангоми ихтилоли мубодилаи моддахо, захми меъда, варами гулу, гуш, бини ва чун воситаи зидди ташаннуч нофеъ аст. Хокаи Б.-ро ба чарохат мепошанд.
Дар амалияи тибби муосир накеъи Б. дар мавриди захм, газаки меъда ва дарди рудаи гафс кор фармуда мешавад. Бо ин максад баргхои хушки онро дар об андохта, 15 дакика мечушонанд. Баъди 45 дакика даворо полида мегиранд ва рузе 3 – 4 маротиба пеш аз хурок якчумчаги истеъмол менамоянд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …