Главная / Гуногун / АТМОСФЕРА – ҚИШРИ ОСМОНИИ ЗАМИН

АТМОСФЕРА – ҚИШРИ ОСМОНИИ ЗАМИН

Мо дар қаъри уқёнуси ҳавоие зиндагй мекунем, ки вай атмосфера номида ме­шавад. Атмосфера дар фаъолияти ҳаётй дар сайёраи мо чй аҳамият дорад?

Ҳаво дар Замин намоён нест. Вале вай кураи Заминро пурра иҳота мекунад.

Атмосфераи Замин – Ин либоси он аст.

Ҳаво сатҳи Заминро аз шуъоҳои гарми офтобй ҳифз намуда, ҳамзамон на- мегузорад, ки гармй дар фазо паҳн гардад. Таври мисол, азбаски дар гирди Моҳ атмосфера вуҷуд надорад, рӯзона сатҳи Моҳ то ба + 120°С гарм шуда, шабона то ба – 160°С хунук мешавад.

Атмосфера сайёраи моро аз метеоритҳо низ муҳофизат мекунад. Агар он намебуд, метеоритҳо ба Замин ҳамчун борон меафтиданд. Вақте метеоритҳо тавассути атмосфера парвоз мекунанд, онҳо ба муқовимати ҳаво рӯ ба рӯ, порча-порча шуда, дар атмосфера месӯзанд. Чунин ҳодисаро метавон дар осмони шабона мушоҳида кард. Ҳамчунин атмосфера Заминро, ҳайвонотро, растаниҳоро аз шуъоҳои хатарноки кайҳонӣ муҳофизат мекунад. Организмҳои зинда бе ҳаво зиндагй карда наметавонанд. Ҳама аз ҳаво нафас мекашанд. Одам метавонад бе хӯрок якчанд ҳафта, бе об якчанд рӯз зиндагй кунад, вале бе ҳаво ҳамагӣ якчанд дақиқа зиндагй хоҳад кард.

Пайдо шудани абрҳо дар осмон, ҳавои боришотӣ аз мавчуд будани буғҳо дар атмосфера далолат мекунанд. Таркиби атмосфераи Замин доимй мебошад. Олимон таҷриба ва ченкуниҳои махсус гузаронида, таркиби доимии зерини ҳаворо муайян карданд:

Азот – 78 %;

Кислород – 21 %;

Гази ангидриди карбон – 0,03 %;

Буги обу омехтагиҳо – 0,03 %;

Озон ва газҳои инертй (гелий, неон, аргон, криптон, ксенон…) – 0,94 %.

Доимияти таркиби гази атмосфера – ин шарти асосии мавчудият ва инкишоф додани ҳаёт аст.

Кислород дар атмосфера нисбат ба ҳар чизи боқимонда бештар зарур аст. Вай барои нафаскашии инсон, ҳайвонот ва растаниҳо зарур аст. Кислород ҳамчунин дар фаъолияти рӯзгордории одам таври васеъ истифода мешавад. Ҳангоми сӯхтани сӯзишворӣ дар муҳаррики автомобилҳо, ҳавопаймоҳо, дар оташдони истгоҳҳои барқӣ кислород зарур аст.

Автомобиле, ки 100 км роҳро тай кардааст, ҳамон қадар кислородро истифода мебарад, ки як одам дар як сол истифода мебарад. Тасаввур бикунед, дар маҷмуъ ҳамаи автомобилҳои дунё чӣ қадар кислород истифода мебаранд. Дарчанд ин кадар зиёд кислород барои нафаскашӣ, барафрӯхтани оташ, рӯзгордории инсон истифода мешавад

Миқдори он дар ҳаво тағйир намеёбад. Пас маълум мегардад, кичизе вуҷуд до­рад, ки захираи кислородро дар атмосфера пур мекунад.

Соли 1771 олими кимиёшинос Пристли ҳангоми омӯзиши гази ангидриди кар- бон тасодуфан ба зарфи пӯшида, шамъи фурӯзонро ҷойгир кард ва дид, ки пас аз чанд муддат вай хомӯш гардид. Ба ҳамон зарф мушро cap дод, ки пас аз чанд муддат нафаскашии ӯ низ мушкил гардид. Вале растаниеро дар ҳамон қуттӣ, ки муш дар он нафасгир шуда буд, гузошта, диданд, ки вай ба сабзидан идома дорад. Вақте Пристли мушро дар қуттие, ки тайи 7 рӯз дар он растанӣ нашъунамо дошт, ҷойгир кард, дид, ки муш Давида, бозй мекунад. Пас маълум мегардад, ки растанй гази ан­гидриди карбонро фурӯ бурда, кислородро хориҷ кардааст. Чунин кашфиёт дар бо- раи аҳамияти ҳайратангези растанй бар тамоми ҷаҳон маълум гардид. Ин таҷрибаро
Шумо худатон метавонед мустақилона гузаронед. Ду бонкаро гирифта, бо гардана- аш поён ба зарфи обдор гузошта ду шамъи якхеларо зери онҳо монед. Дар зери яке аз бонкаҳо растании зиндаро бо баргҳояш монед. (расми 72). Ин ҳама бояд дар ҷои бо шуъои офтоб хуб рӯшаншаванда ва ё тавассути лампаҳои барқӣ рӯшаншаванда қарор бигирад. Мушоҳида кунед, ки дар зери кадом бонка шамъ тезтар хомӯш ме- шавад.

Соли 1782 олими швейсарӣ Сенебйе таҳқиқот гузаронида, растании баргаш саб- зро ба об хастааст. Дар он тарафи баргҳо, ки бо Офтоб рӯшан шудаанд, ҳубобчаҳои кадом як газ пайдо шуданд. Ин гази хориҷшавандаро вай дар пробирка ҷамъ кар­да, дар он пилтаи хомӯшшавандаро ҷойгир кард. Пилта аланга гирифта, шуруъ ба сӯхтан кард. Маълум мегардад, ки баргҳо дар об кислород хориҷ кардаанд. Аз ин Сенебйе ба чунин хулоса омад, ки растаниҳо гази ангидриди карбонро аз муҳити зист фурӯ бурда, кислород хориҷ мекунанд.

Гази ангидриди карбон , ки тавассути растаниҳо фурӯ бурда шудаанд, ба пай­до шудани моддаҳои органикй мусоидат мекунанд. Дар баргҳои сабз, тавассути сӯрохиҳояшон ду раванди ба ҳамдигар муқобили табодули газҳо сурат мегирад: якум ҳангоми нафаскашй сурат мегирад, дуввум ҳангоми ҳамчун ғизо истеъмол намуда- ни гази ангидриди карбон (тоблуи 10). Растаниҳо ҳангоми ғизохӯрӣ гази ангидриди карбонро ҷаббида, кислородро хориҷ мекунанд. Ҳангоми нафаскашй баръакс, вале кислрод якчанд маротиба нисбат ба ин ки ҷаббида мешавад, бештар ихроҷ мегардад.

Растаниҳо дар рӯзи офтобй дар худ моддаҳои органикиро, нисбат ба ин ки ҳангоми нафаскашй дар шабонарӯзи зиёд сарф мекунанд, бештар захира мекунанд.

А Майдонҳои сабз манбаъи ва тавлидкунандаи асосии кислород дар Замин мебошанд. Онҳоро эҳтиёт ва афзун намоед!

Тоблуи 10

Раванди гизогирй аз газ и ангидриди карбон. Раванди нафаскашй
Танқо дар вақти рӯзона сурат мегирад. Дар вақти рӯзона ва шабона сурат мегирад.
Гази ангидриди карбон фурӯ бурда Кислород фурӯ бурда мешавад.
мешавад.
Кислород хориҷ мешавад. Гази ангидриди карбон хориҷ мешавад.
Гармй фурӯ бурда мешавад. Гармй хориҷ мешавад.
Танҳо дар қисматҳои сабзи растанй пайдо Дар ҳама қисмҳои растанй ба вуҷуц меояд.
мешавад.
Моддаҳои органикй ҷамъ мешаванд. Модцаҳои органикй паҳн мешаванд.

Ду раванди ба ҳам муқобил- сарфи кислород ва ба вуҷуд омадани он дар Табиат дар ҳолати мутавозин қарор доранд. Вайрон кардани ин тавозун ба организмҳои зин- да дар Замин зарари калон ворид месозад.

Дар ҳаво, ғайр аз моддаҳои доимй, ҳамчунин омехтагиҳое вуҷуд доранд, ки ҳаворо ифлос мекунанд. Ин ҳар навъ чангҳо мебошанд. Аксарияти чангҳо дар қабати наздизаминии ҳаво ҷамъ мешаванд. Ҳатто пас аз борон дар як сантиметри мураббаъи ҳаво наздик ба 30 ҳазор гарду чангҳои майда мавҷуд мебошад. Дар рӯзҳои маъмулӣ бошад, теъдоди онҳо боз ҳам бепггар аст. Сабабҳои пайдоиши чангу ғубор ин вай­рон шудани ҷинсҳои куҳй, берун ҷастани вулканҳо, сӯхтан ва афтодани метеоритҳои калон, фаъолияти истеҳсолии корхонаҳо, нақлиёт ва дигар ҳодисаҳои сершумор ме­бошанд. Ҳангоми шамоли сахт шалаппоси баҳрҳо зуд бухор мешаванд ва дар атмос­фера ҳиссачаҳои хурди намакро боқй метузоранд.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …