АШК

imagesАШК, сиришк, оби дида, обе, ки аз гиря ва бо таъсири ҳиссиёти ҷисмӣ ё рӯҳӣ аз чашм фурӯ мерезад. А. моеъи шаффоф буда, таркибаш аз 99% об, 0,9% моддаҳои ноорганикӣ (хлориди натрий, карбонати натрий ва магний, ҳамчунин кислотаи сулфид), тақр. 0,1% сафеда иборат аст.
А. вазифаи муҳофизиро иҷро карда, чашмро аз ҷинсҳои бегона тоза менамояд. Ҳангоми ҷудо гаштани А. ғӯзаи чашм тар мешавад, ғубор ва бактерияҳо аз чашм ихроҷ мегарданд. А. эҳсосотро низ инъикос мекунад, мас., ҳангоми гиря ё ханда аз чашм А. мерезад. «Хушк будани чашм» аломати хастагӣ ё хирагии чашм аст. Барои муолиҷа А.-и сунъиро истифода мебаранд. Ниг. низ Ашкрезӣ.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …