Главная / Илм / АСФИКСИЯ

АСФИКСИЯ

44dd95c794a40bdd637398bd24c2dc54АСФИКСИЯ (Asphyxia, аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва sphyxis – набз), ҳолати гарону хатарнокест, ки бинобар дар организм ногаҳон кам шудани оксиген ва ҷамъ гаштани гази карбонат рӯй медиҳад. Сабабҳои А. чунинанд: 1) аз дарун баста шудани роҳи нафас, мас., дар аснои роҳи нафасро банд кардани ҷисмҳои бегона, аз қабили моддаи қай, об (дар вақти ғарқ шудан), бо луоб баста шудани нои нафас ва бронхҳо, ҳини гулӯзиндонак бо ғуборпарда баста шудани ханҷара ва ғ.; 2) аз берун руст ва фишурда шудани роҳи нафас (дар мавриди худро овехтан, буғӣ кардан, аз садама фишурда шудани гулӯ ва аъзои қафаси сина); 3) фалаҷ ё ташаннуҷи бардавоми мушакҳои нафаскашӣ (мас., дар натиҷаи заҳролудӣ); 4) ба дарун рафтани забон ва баста шудани роҳи нафас (дар маризоне, ки ба тахтапушт хобанд ё беҳуш мебошанд); бемориҳои ханҷара (варам, омос, сӯхтагӣ ва ғ.); дар ҷавфи плевра дармондани ҳаво (пневмоторакс), хун (гемоторакс), моеъ (гидроторакс); ба сандуқи сина фишор овардани чизи вазнин (А.-и осебӣ).
А. вобаста ба сабаби пайдоиш гуногун бошад ҳам, хусусиятҳои умумӣ низ дорад. Якум, дар организм тағйироте ба вуҷуд меояд, ки он ба сероксигении бофтаҳо ва аз организм дур кардани гази карбонат равона шудааст. Дуюм, бинобар дар бофтаҳо нарасидани оксиген фаъолияти узвҳо хеле вайрон мешавад (ниг. Гипоксия); дар навбати аввал фаъолияти дил ва маркази нафаскашии мағзи сар халал меёбад, баъдан нафаскашӣ аз чанд сония то чанд дақиқа қатъ гашта, ҳангоми ба бемор нарасонидани ёрии таъҷилӣ марг фаро мерасад.
Дар мавриди А. рӯи ҷафодида кабуд , баъзан ҳатто сиёҳ мешавад. Сараввал ӯ мекӯшад, ки кори мӯътадили роҳҳои нафасро барқарор намояд (сахт месулфад, аз буғӣ раҳо ёфтан мехоҳад ва ғ.). Сипас аз ҳуш меравад, гавҳараки чашм аввал танг, баъд васеъ мегардад. Дар натиҷаи аз гази карбонат ангехтани маркази фаъолияти дилу рагҳо дар мағзи сар ва ҳароммағз фишори хуни шараён баланд шуда, дил тез мезанад, ҷабрдида беихтиёр қазои ҳоҷат ва пешоб мекунад. Давомоти А. ба дараҷаи ихтилоли нафаскашӣ вобаста аст. Ҳангоми пурра баста шудани роҳи нафас, А. 3 – 6 дақиқа давом карда бо марг меанҷомад. Аз ин рӯ ҳангоми пайдоиши аломатҳои нахустини А. ёрии таъҷилии тиббӣ зарур аст.
Ёрии аввалин аз рафъи омиле, ки роҳи нафасро гирифтааст ё фишурдааст, инчунин аз додани нафаси сунъӣ иборат мебошад. Агар А. дар натиҷаи бо ҷисмҳои бегона баста шудани роҳи нафас ё бинобар роҳи нафасро банд кардани моеъ ё моддаи қай ба вуҷуд омада бошад, пас зуд сари ҷафодидаро поён ва пойҳояшро боло карда хобондан зарур аст; агар А. дар натиҷаи аз берун фишурда шудани роҳи нафас рух намояд, омили фишороварро фавран бартараф карда, нафаси сунъӣ додан лозим (бештар нафасдиҳии даҳон ба даҳон ё даҳон бо бинӣ мувофиқ аст).
Дар мавриди ба мушоҳида расидани марги клиникӣ, ҷабрдидаро дар муддати 5 – 7 дақиқа бо роҳи реаниматсия аз марг наҷот додан мумкин аст. А. дар тифли навзод аз тазйиқи ноф (дар аснои тавлид) ба вуҷуд меояд. Системаи асаб ва организми тифлакон нисбат ба организми калонсолон ба норасоии оксиген то андозае тобовар аст. Бинобар ин ҳангоми А. марги онҳо дертар фаро мерасад. Кормандони тиб барои аз А. раҳондани навзодон ҳама гуна тадбирҳои таъҷилро меандешанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …