Главная / Илм / АСФИКСИЯ

АСФИКСИЯ

44dd95c794a40bdd637398bd24c2dc54АСФИКСИЯ (Asphyxia, аз а – хиссачаи инкори ва sphyxis – набз), холати гарону хатарнокест, ки бинобар дар организм ногахон кам шудани оксиген ва чамъ гаштани гази карбонат руй медихад. Сабабхои А. чунинанд: 1) аз дарун баста шудани рохи нафас, мас., дар аснои рохи нафасро банд кардани чисмхои бегона, аз кабили моддаи кай, об (дар вакти гарк шудан), бо луоб баста шудани нои нафас ва бронххо, хини гулузиндонак бо губорпарда баста шудани ханчара ва г.; 2) аз берун руст ва фишурда шудани рохи нафас (дар мавриди худро овехтан, буги кардан, аз садама фишурда шудани гулу ва аъзои кафаси сина); 3) фалач ё ташаннучи бардавоми мушакхои нафаскаши (мас., дар натичаи захролуди); 4) ба дарун рафтани забон ва баста шудани рохи нафас (дар маризоне, ки ба тахтапушт хобанд ё бехуш мебошанд); беморихои ханчара (варам, омос, сухтаги ва г.); дар чавфи плевра дармондани хаво (пневмоторакс), хун (гемоторакс), моеъ (гидроторакс); ба сандуки сина фишор овардани чизи вазнин (А.-и осеби).
А. вобаста ба сабаби пайдоиш гуногун бошад хам, хусусиятхои умуми низ дорад. Якум, дар организм тагйироте ба вучуд меояд, ки он ба сероксигении бофтахо ва аз организм дур кардани гази карбонат равона шудааст. Дуюм, бинобар дар бофтахо нарасидани оксиген фаъолияти узвхо хеле вайрон мешавад (ниг. Гипоксия); дар навбати аввал фаъолияти дил ва маркази нафаскашии магзи сар халал меёбад, баъдан нафаскаши аз чанд сония то чанд дакика катъ гашта, хангоми ба бемор нарасонидани ёрии таъчили марг фаро мерасад.
Дар мавриди А. руи чафодида кабуд , баъзан хатто сиёх мешавад. Сараввал у мекушад, ки кори муътадили роххои нафасро баркарор намояд (сахт месулфад, аз буги рахо ёфтан мехохад ва г.). Сипас аз хуш меравад, гавхараки чашм аввал танг, баъд васеъ мегардад. Дар натичаи аз гази карбонат ангехтани маркази фаъолияти дилу рагхо дар магзи сар ва хароммагз фишори хуни шараён баланд шуда, дил тез мезанад, чабрдида беихтиёр казои хочат ва пешоб мекунад. Давомоти А. ба дарачаи ихтилоли нафаскаши вобаста аст. Хангоми пурра баста шудани рохи нафас, А. 3 – 6 дакика давом карда бо марг меанчомад. Аз ин ру хангоми пайдоиши аломатхои нахустини А. ёрии таъчилии тибби зарур аст.
Ёрии аввалин аз рафъи омиле, ки рохи нафасро гирифтааст ё фишурдааст, инчунин аз додани нафаси сунъи иборат мебошад. Агар А. дар натичаи бо чисмхои бегона баста шудани рохи нафас ё бинобар рохи нафасро банд кардани моеъ ё моддаи кай ба вучуд омада бошад, пас зуд сари чафодидаро поён ва пойхояшро боло карда хобондан зарур аст; агар А. дар натичаи аз берун фишурда шудани рохи нафас рух намояд, омили фишороварро фавран бартараф карда, нафаси сунъи додан лозим (бештар нафасдихии дахон ба дахон ё дахон бо бини мувофик аст).
Дар мавриди ба мушохида расидани марги клиники, чабрдидаро дар муддати 5 – 7 дакика бо рохи реаниматсия аз марг начот додан мумкин аст. А. дар тифли навзод аз тазйики ноф (дар аснои тавлид) ба вучуд меояд. Системаи асаб ва организми тифлакон нисбат ба организми калонсолон ба норасоии оксиген то андозае тобовар аст. Бинобар ин хангоми А. марги онхо дертар фаро мерасад. Кормандони тиб барои аз А. рахондани навзодон хама гуна тадбирхои таъчилро меандешанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …