Главная / Илм / АЛ-ХОВи

АЛ-ХОВи

asar«АЛ-ХОВи», асари Абубакр Мухаммад Закариёи Рози дар тиб. Рози дар асар хамаи беморихои маълум ва муоличаи онхоро зикр кардааст. Бино ба маълумоти Абурайхони Беруни «А.-Х.» аз 13 фасл иборат аст: бемори ва муоличаи беморон, хифзи сихат; бахия (чоки захм), шикастабанди ва захмхо; неруи дорухо, гизо ва диг. моддахо, ки дар тиб истифода мешаванд; дорухои мураккаб, санъати тиб, дорусози, рангу таъм ва буи дорухо; навъи баданхо, вазнхо ва кайлхо (ченакхо); шарху вазифахои аъзо; иллат ва сабабхои табиии санъати тиб; нахустин истилохоти тибби ва мукддимаи тиб.
Муаллиф барои тахияи китоби мазкур 15 соли умрашро сарф кардааст. Китоб иборат аз 30 мучаллад мебошад. Ошнои бо мухтавои «А.-Х.» шаходат медихад, ки Рози аз таълифоти Дискуридус, Букрот, Чолинус ва диг. табибони юнони, рими, хинди, араби хуб огохи доштааст. «А.-Х.» комуси хакикии тиб буда, кариб хамаи масъалахои тибби амали ва назариявии хамон даврро дарбар мегирад. Абуали ибни Сино ба ин асари Рози шинос буд, ки дар китоби худ «Аш-Шифо» иктибосхои сершумор карданаш далели ин мебошад. Ба кавли муаррихон Шайхурраис зимни шуруъ кардан ба омузиши тиб дар навбати аввал ба «А.-Х.» ошно шудааст.
«А.-Х.» аввал с. 1486 ва минбаъд с-хои 1509, 1542 бо номи «Continens Rasis» дар Италия ба лотини тарчума шудааст. Дастхатхои он бо номи «Ал-Чомеъ-ул-хозир ли синоати-т-тиб» ва «Ал-Чомеъу-л-кабир» дар китобхона-музейи Италия, китобхонахои Мюнхен, Оксфорд, Кембрич, дар Испания, Истанбул, Ромпур, Мадрас ва г. махфузанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …