Главная / Илм / АКРОМЕГАЛИЯ

АКРОМЕГАЛИЯ

akromegaliyaАКРОМЕГАЛИЯ (Acromegalia, аз юн. akron – дасту по ва megas – бузург), бемо- риеро гуянд, ки сабаби он ихрочи барзиёди гормони сабзиш мебошад. А. то хол пурра омухта нашудааст. Он дар бисёр маризон бо омоси гипофиз алокаманд аст. Баъзан захми сар, зарбаи рухи ва сироятхои музмин боиси А. мегарданд. А. дар натичаи хомилагии нокис ё баъди таваллуд низ инкишоф меёбад. Хангоми А. номутаносиб сабзидани устухонхои скелет, бофтахои нарм, узвхои даруни ва баъзе ихтилолоти мубодилави зухур меёбанд. Одатан, А. пас аз анчом ёфтани расиши организм ба вучуд омада, тадричан инкишоф меё- бад ва солиёни дароз тул мекашад. А. дар кудакон метавонад боиси азимчуссаги шавад (ниг. Гигантизм). Ба А. асосан занхои 18 – 35-сола гирифтор мешаванд. Бемори тадричан бо бехолии тамоми бадан, дарди даст ва ихтилоли хассосияти он, рушди номутаносиб ва тагйири шакли руй бинобар калон шудани бини, чоги поён, камони фавки абру ва рухсора огоз меёбад. Лабхо гафс ва панчаи дасту пой аз хад зиёд пахн мешаванд, забон дар дахон бо душвори чой мегирад, пусти пешона, бини ва паси сар гафс мегардад. Беморон аз дарди сар, хастаги, заъфи босира ва суст шудани кори гадудхои чинси азият мекашанд. Шахси ги- рифтори А. бояд доимо тахти назорати духту- ри чашм, невропатолог ва эндокринолог бошад. Усулхои хозираи муолича (шуоъшифои, муолича бо адвиёт ва г.) имкон медиханд, ки тарашшухи барзиёди гормони сабзиш бартараф ва холати бемор сабук карда шавад. Дар мавридхои зарури мумкин аст ба чаррохи даст зананд. Ш. С. Анварова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …