Главная / Илм / АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ

480px-farnearfields-usp-4998112-1АФКАНИШОТИ УЛТРАБУНАФШ, афканишоти электромагнитии дарозии мавчашон аз 10 то 400 нм. А. у. таъсири сахти химияви ва биологи доранд. Манбаи А. у. табии ва сунъи мешавад.
Манбаи табии нисбатан пуриктидори А. у. Офтоб аст. А. у.-и Офтоб ба Замин дар шакли нурхои рост ва пароканда омада мерасад. А. у.-и дарозии мавчашон камтар аз 295 нм-ро дар кабатхои болоии атмосфера озон фуру мебарад.
Манбаи А. у.-и сунъи лампахои симоби, бактерисиди, эритемави (сури), ксенони ва г. махсуб меёбанд. Дар мавриди А. у.-и сунъи аз манбаъхои омехта низ истифода мекунанд. Чунин манбаъхои муштарак амалан спектри офтобии бефосила хорич менамоянд.
Бо максади пешгири ва табобати беморихо аз А. у.-и мувофик истифода бурда мешавад. Вояи зиёди А. у. метавонад боиси таъсироти манфи, мас., сухтани пуст, илтихоби луобпарда ва шохпардаи чашм (фотоофталмия) гардад. Бинобар таъсироти бардавоми А. у. имкон дорад, ки беморихои саратонии пуст сар зананд. Аммо вояи саратонофари А. у. нисбат ба вояи табобатии он, ки дар амал корбаст мешавад, бояд садхо маротиба зиёд бошад. Вояхои бехдоштии А. у. боз хам камтаранд.
Самараи А. у. ба сохтори спектрии афканишот сахт марбут аст. Мас., А. у.-и кутохмавчи лампахои бактерисиди барои безарар гардондани об, хаво, ашёи рузгор, хуроквори ва г. кор фармуда мешавад. Дастгоххои бактерисидиро дар муассисахои табобати (утоки амалиёти чаррохи, захмбанди, лабораторияхои бактериологи, вирусологи), саноати хуроквори ва дорусози истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …