Главная / Илм / АЭРОФАГИЯ

АЭРОФАГИЯ

photo_24716АЭРОФАГИЯ (Aёrophagia), ҳангоми истеъмоли ғизо аз миқдори муқаррарӣ зиёд фурӯ бурдани ҳаво. Дар вақти тановул шитоб кардан, сухан гуфтан ё истеъмоли зиёди нӯшокиҳои газнок (оби газнок, пиво) боиси бо ҳаво пур шудани меъда мегардад. Дар натиҷа дар сари дил ҳисси нофораму вазнинӣ пайдо шуда, шахс оруғ мезанад. Зимни муттасил вайрон кардани тартиби хурду хӯрок А. доимӣ шуданаш мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо оруғдиҳӣ бо истеъмоли хӯрок вобаста набуда, он фақат дар вақти хоб нест мешавад.
Барои пешгирии А. ба тартиби хурду хӯрок риоя бояд кард; хӯрокро ба миқдори кам, шитоб накарда, гап назада хӯрдан лозим аст; аз истеъмоли нӯшокиҳои газдор парҳез намоед. Дар мавриди А.-и доимӣ ё зуд-зуд такрор шудани он ба духтур муроҷиат кардан даркор, зеро дар баъзе ҳолатҳо ихтилоли нафаскашӣ, дарди дандон, иллати узвҳои ҳозима низ боиси А. мегардад.
Дар кӯдакони навзод А. бештар аз сабаби номукаммалии кори узвҳои ҳозима, макидани пистонаки холӣ ё синаи камшир ба вуҷуд омада, тифлро заиф месозад. Аломатҳои А. чунин мебошанд: дар вақти макондан гиря кардани кӯдак, дамиши шикам, рӯ тофтан аз сина, қай кардани шири макида (баъзан чун «фаввора») ва ғ. Дар мавриди пайдоиши аломатҳои А. макониданро қатъ карда, кӯдакро рост доштан лозим; баъд аз оруғдиҳӣ кӯдак ором мешавад. Агар қай ягона аломати А.-и кӯдак бошад, пас ӯро баъд аз маконидан зуд рост нигоҳ доред. Ҳангоми пайдоиши аломатҳои А. дар кӯдаки ширмак бояд ба духтури бачагона муроҷиат кард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …