Главная / Илм / АЭРОФАГИЯ

АЭРОФАГИЯ

photo_24716АЭРОФАГИЯ (Aёrophagia), хангоми истеъмоли гизо аз микдори мукаррари зиёд фуру бурдани хаво. Дар вакти тановул шитоб кардан, сухан гуфтан ё истеъмоли зиёди нушокихои газнок (оби газнок, пиво) боиси бо хаво пур шудани меъда мегардад. Дар натича дар сари дил хисси нофораму вазнини пайдо шуда, шахс оруг мезанад. Зимни муттасил вайрон кардани тартиби хурду хурок А. доими шуданаш мумкин аст. Дар чунин холатхо оругдихи бо истеъмоли хурок вобаста набуда, он факат дар вакти хоб нест мешавад.
Барои пешгирии А. ба тартиби хурду хурок риоя бояд кард; хурокро ба микдори кам, шитоб накарда, гап назада хурдан лозим аст; аз истеъмоли нушокихои газдор пархез намоед. Дар мавриди А.-и доими ё зуд-зуд такрор шудани он ба духтур мурочиат кардан даркор, зеро дар баъзе холатхо ихтилоли нафаскаши, дарди дандон, иллати узвхои хозима низ боиси А. мегардад.
Дар кудакони навзод А. бештар аз сабаби номукаммалии кори узвхои хозима, макидани пистонаки холи ё синаи камшир ба вучуд омада, тифлро заиф месозад. Аломатхои А. чунин мебошанд: дар вакти макондан гиря кардани кудак, дамиши шикам, ру тофтан аз сина, кай кардани шири макида (баъзан чун «фаввора») ва г. Дар мавриди пайдоиши аломатхои А. макониданро катъ карда, кудакро рост доштан лозим; баъд аз оругдихи кудак ором мешавад. Агар кай ягона аломати А.-и кудак бошад, пас уро баъд аз маконидан зуд рост нигох доред. Хангоми пайдоиши аломатхои А. дар кудаки ширмак бояд ба духтури бачагона мурочиат кард.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …