Главная / Илм / АБДУРАҲМОНОВ Фозил

АБДУРАҲМОНОВ Фозил

imagesАБДУРАҲМОНОВ Фозил (тав. 05. 12. 1930, ш. Конибодоми вил. Суғд), анатом, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви ҳақиқии Академияи илмҳои педагогӣ ва ичтимоии ФР (2004), Аълочии мактаби олии ИҶШС, Аълочии тандурустии ИҶШС, Ходими шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994). Хатмкардаи факултаи муоличавииДДТТ (1952). Аспиранти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2-юми Москва ба номи И. В. Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов; 1952 – 55), ассистент (1955 – 61), дотсенти кафедраи анатомияи эътидолии одами ДДТТ (1961 – 67) ва ҳамзамон муаллими калони факултаи тарбияи чисмонии ДДОД (1955 – 57). Директори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе (ҳоло коллеч; 1957 – 62). Декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ (1963 – 67, 1968 – 69), му- дири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968 – 94), мудир (1994 – 2006) ва проф. (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами ДДТТ. Доир ба масоили таъмини хуни бахшҳои чудогонаи мағзи сар, ғадудҳои тарашшӯҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узву бофтаҳои одам дар ҳолати мӯътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сир- рози чигар, ғалаёни хун ва ғ.), ҳамчунин дар шароити тачриба дар водиҳо ва баландкӯҳҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб) тадқиқот бурдааст. Дар мавзӯи «Сохтори макро- ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои чавфи шикам дар ҳолати мӯътадил, ноқисӣ ва тачриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ. Китоби «Анатомияи одам» (ду чилд) дар Озмуни китобҳои дарсӣ сазовори мукофоти «Оли Сомон» (1995) гашта, с. 1998 ки- тоби беҳтарини сол шуморида шуд. Таҳти роҳбарии ӯ 7 наф. рисолаи номзадӣ ва 2 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Раиси Ассотсиатсияи морфологҳои ҶТ, чонишини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои Осиёи Марказӣ, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии Ассотсиатсияи морфологҳои ИДМ. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶТ мукофотонида шудааст.
Ос.: Кровеносные сосуды брюшины, Д., 1973; Анатомияи одам, ҷ. 1, Д., 1995, ҷ. 2, 1998; Краткий атлас анатомии человека (ҳаммуаллиф), Д., 2000; Ат- лас – учебник по функциональной анатомии челове- ка, ҷ.-ҳои 1 – 2, Д., 2006, 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …