Главная / Илм / АБДУРАХМОНОВ Фозил

АБДУРАХМОНОВ Фозил

imagesАБДУРАХМОНОВ Фозил (тав. 05. 12. 1930, ш. Конибодоми вил. Сугд), анатом, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви хакикии Академияи илмхои педагоги ва ичтимоии ФР (2004), Аълочии мактаби олии ИЧШС, Аълочии тандурустии ИЧШС, Ходими шоистаи илм ва техникаи ЧТ (1994). Хатмкардаи факултаи муоличавииДДТТ (1952). Аспиранти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2-юми Москва ба номи И. В. Сталин (холо Донишгохи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов; 1952 – 55), ассистент (1955 – 61), дотсенти кафедраи анатомияи эътидолии одами ДДТТ (1961 – 67) ва хамзамон муаллими калони факултаи тарбияи чисмонии ДДОД (1955 – 57). Директори Омузишгохи тиббии шахри Душанбе (холо коллеч; 1957 – 62). Декани факултахои педиатри ва стоматологи (1963 – 67, 1968 – 69), му- дири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултахои педиатри ва фармакологи (1968 – 94), мудир (1994 – 2006) ва проф. (аз 2006) кафедраи муттахидаи анатомияи одами ДДТТ. Доир ба масоили таъмини хуни бахшхои чудогонаи магзи сар, гадудхои тарашшухи дохили ва морфологияи рагхои хурди хуну лимфагарди узву бофтахои одам дар холати муътадил ва бемори (перитонит, илтихоби гурда, сир- рози чигар, галаёни хун ва г.), хамчунин дар шароити тачриба дар водихо ва баландкуххо (агбахои Анзоб ва Мургоб) тадкикот бурдааст. Дар мавзуи «Сохтори макро- ва микроскопии рагхои хунгарди узвхои чавфи шикам дар холати муътадил, нокиси ва тачриба дар шароити води ва баландкух» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару маколахои илми ва таълимию методи. Китоби «Анатомияи одам» (ду чилд) дар Озмуни китобхои дарси сазовори мукофоти «Оли Сомон» (1995) гашта, с. 1998 ки- тоби бехтарини сол шуморида шуд. Тахти рохбарии у 7 наф. рисолаи номзади ва 2 наф. рисолаи доктори дифоъ намудаанд. Раиси Ассотсиатсияи морфологхои ЧТ, чонишини раиси Шурои хамохангсозии давлатхои Осиёи Маркази, узви Шурои хамохангсозии Ассотсиатсияи морфологхои ИДМ. Бо ордени Байраки Сурхи Мехнат, 7 медал ва Ифтихорномаи Раёсати Шурои Олии ЧТ мукофотонида шудааст.
Ос.: Кровеносные сосуды брюшины, Д., 1973; Анатомияи одам, ч. 1, Д., 1995, ч. 2, 1998; Краткий атлас анатомии человека (хаммуаллиф), Д., 2000; Ат- лас – учебник по функциональной анатомии челове- ка, ч.-хои 1 – 2, Д., 2006, 2008.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

as

ТАСВИРИ САТХИ ЗАМИН ДАР ХАРИТАХО. МИКЁСИ БАЛАНДИ ВА УМК (ЧУКУРЙ)

Тарзхои тасвири сатхи замин дар харита Чадвали баландихо ва чукурихо Хангоми тартиб додани харитахо ва …