Главная / Маданият ва санъат / Абдулқодирхоҷа Савдо

Абдулқодирхоҷа Савдо

Яке аз шоирони хушзавқи нимаи дуюми асри Х1Х-1-8 Абдулқодирхоҷа Савдо дар рушди адабиёти давр саҳми сазовор гузоштааст. Ӯ асосан шоири ғазалсаро буда, дар таҳаввули навъҳои адабии дигар низ ҳиссагузор аст.

Абдулқодирхоҷаи Савдо дар Бухоро ба дунё омадааст ва санаи валодати ӯро миёнаи солҳои 1823-1825 муқаррар кардаанд. Тибқи шаҳодати Возеҳ дар «Тӯҳфат-ул-аҳбоб…», баромади иҷтимоии Савдо ба хонадони олими маъруфи асри XVII – Мавлоно Шариф тааллуқ доштааст. Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ дар хусуси дониши ҳаматарафаи Абдулқодирхоҷаи Савдо ва тақрибан дар овони 20 – 22 – солагӣ мадрасаро хатм намудани ӯ хабар медиҳад, ки хеле муҳим ва арзишманд мебошад. Савдо чи дар илмҳои табиатшиносӣ мисли риёзиёт, табииёт, нуҷум, ҳандаса ва чи дар илмҳои инсоншиносӣ ба монанди таърих, адабиёт, сарфу наҳв, луғат, мантиқ, ҳикмат ва ғайра баҳраи хеле комил дошта, нозукиҳои улуми мусиқӣ ва аз ҷумла, «Шашмақом»-ро низ азбар намуда, ҳатто дар навохтани асбоби мусиқии танбӯр соҳибтабъ будааст.

Тазкиранигорон-Ҳашмат ва Садри Зиё афзудаанд, ки Савдо илми хатро ҳам хуб омӯхта, ба хаттотӣ низ машғул будааст. Вале пеш аз ҳама, Савдо дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик-ғазалсаро шӯҳрат дорад. Савдо ҳанӯз аз овони хурдсолӣ, ҳангоми таҳсил дар мадраса ба эҷоди шеър низ шуғл варзидааст. Муҳим он аст, ки шоир дар эҷоди ғазалиёту мусамматҳо тахаллуси «Савдо»-ро ба кор бурда, дар эҷоди осори тамоюли ҳаҷвидошта тахаллуси «Бепул»-ро кор фармудааст. Зиёда аз ин, Мирзо Абдулазими Сомӣ дар «Миръот-ул-хаёл» хабар медиҳад, ки Савдо дар аҳди Насруллоҳхон (1826-1860) ба дарбор ҷалб карда мешавад ва ӯ дар ин ҷо бо пешаи тарроҳӣ (кашидани тарҳи иморатҳо) ва наққошӣ касби маош мекардааст.

Муаллифи ҳамин тазкира, яъне дар аҳди амир Насруллоҳхон ба дарбор роҳ ёфтани Мирзоабдулқодирхоҷа Савдоро хотиррасон менамояд. Аз ҷумла, ӯ таъкид менамояд, ки:

Дар айёми султони волоҷаноб,

Амир Насруллоҳи баҳодурхитоб.

Ба тарроҳию нақш маъмур буд,

Зи инъоми алтоф масрур буд.

Музаффархон хеле шахси айёшу камҳавсала ва нисбати мулку давлат бепарвотаре будааст ва аз ин рӯ, ин хислати ӯ ба Савдо чандон писанд наомадааст. Соли 1873 Абдулқодирхоҷаи Савдо бо як супориши амир Музаффархон роҳи Балҷувонро пеш мегирад, вале аз рӯи тасдиқи устод С.Айнӣ, шоир дар синни 50-солагӣ дар дарёи Вахш ғарқ шудааст.

ЭҶОДИЁТИ САВДО

Савдо, асосан дар эҷоди ғазал, рубоӣ, мусаммат табъи баланд доштааст, вале бисёр афсӯс, ки тангии маишӣ ӯро имкон надодааст, ки сари қудрат омадани писари Насруллоҳхон-амир (1860-1885) Савдо ҳамчун яке аз надимони хоси фаъолият кардааст. Вале маълум аст, ки амир ашъорашро мураттаб намуда ба табъ бирасонад. Аз тарафи дигар, Абдулқодирхоҷаи Савдо дар таҳаввули насри бадеӣ низ саҳми босазо дорад.

Ашъори ғиноии Савдо аз мавзӯъҳои ишқу ошиқӣ, шӯру исёнҳои қалбии инсонӣ, ҳиссиёти нозуку латифи одамӣ, бемеҳрии маҳбуба, вафодории ошиқ, бесабриву ношикебоии маъшуқа ва бовафоиву шикебоии ошиқ ва ғайра иборат аст. Умуман, лирика ва осори манзуми Савдоро муҳаққиқон иборат аз ду қисмат донистаанд: лирикаи ошиқӣ ва ашъори ҳаҷвӣ-мутоибавӣ. Дар рӯзгори Савдо таъсири Бедил ва ҷараёни бедилизм дар шеъру адаби Осиёи Миёна махсус буд. Аз ин рӯ, ин таъсир дар ашъори Савдо низ ба хубӣ ба мушоҳида мерасад.

Албатта, ашъоре, ки то андозае оҳангҳои тасаввуфӣ доранд, ӯ дар тақлид ба ғазалиёти Ҳофиз эҷод кардааст ва чунин муносибати Савдо дар пайравии ашъори Бедил низ ба мушоҳида мерасанд. Чунончи, ғазали зерин, ки онро зери нуфузи ашъори абулмаонӣ Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст, мунтахабан зикр хоҳем кард:

Ғайри ранҷурон зи кас аҳволи ранҷурон мапурс,

Захм донад чист ҳоли ҷисми лоғар теғро.

Донишат гар ҳаст, асбоби тамаллуқ гӯ, мабош,

Зевараш лозим набошад, ҳаст гавҳар теғро.

Аз мувосоҳои[1] софитинатон эмин мабош,

Фитнаҳо дар табъи ҳамвор аст музмар теғро.

Фитнаҷӯёни замонро тарбият кардан хатост,

Чарх аз моҳи нав охир хӯрд бар сар теғро.

Аз фусуни тарбиятҳои замон эмин мабош,

Рӯй бар санг аст аз дасти фасонгар[2] ғеғро….

Табъи Савдо пур зи истеҳсоли дунон тира аст,

Санги нохуш аз фасон[3] созад мукаддар[4] теғро.

Ғазали мазкур хеле ҳунармандона эҷод шудааст, мундариҷаи ғазал ва мавзӯи асосии он иҷтимоӣ-шиквоӣ буда, ҳолати қаҳрамони лирикиро фаро гирифтааст. Азбаски бунёди тематикии он ҳолати иҷтимоист, аз ин рӯ, хусусиятҳои шаклии он низ ба мундариҷа пурра тобеият кардаанд ва ин аст, ки теғ асбоби бераҳмтарин ба сифати радиф қарор дода шудааст.

Аз нигоҳи вазн ғазали боло хеле ҷолиб аст ва пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки ғазал тобиши қавии андарзӣ-мавъизатӣ, насиҳатӣ дорад ва аз ин рӯ, эҷоди он дар баҳри Рамал қарор дода шудааст. Яъне ғазал дар баҳри Рамали мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки аркони он чунин аст:

— V — — I – V — — I – V — — I – V – ё: –V-

фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё фоъилон ва ғайра.

Бояд гуфт, ки то ба имрӯзҳо ҷамъоварии абёти парешони Савдо идома дорад ва он чи ки аҳли илм то кунун дастрас намудаанд, бо назардошти шумораи аниқ чунин аст: 5 қасида, 56 ғазал, 2 мусаммати мухаммас, 6 маснавӣ, 9 рубоӣ, 11 фард, 1 марсия, 1 тарҷеъбанд, 1 таърих ва ҳафт ҳикояти мансур, ки яке аз онҳо ба номи «Музҳикот»[5] машҳур аст.

[1]        Мувосо-созиш, ёрӣ

[2]       Фасонгар-чархчӣ

[3]         Фасон-қайроқ

[4]       Мукаддар – тира, сиёҳ

[5]       Музҳикот-мутоибот

Дар ашъори ғиноии ӯ, ки ғазалиёт қисмати марказии онро фароҳам овардааст, ишқ ва мавзӯъҳои ишқӣ, нозу истиғнои маъшуқа, азоби ҳиҷрону дарди ҷудоӣ, умеди висолу дурии фироқ, таъҷили маҳбубаву шикебоии ошиқ ба таври хеле воқеӣ, мушаххас, дилпазиру хушоҳанг, гӯшнавозу ҷаззоб, матлубу мақбул ва бо ҳунари хеле волои шоирона эҷод гардидааст:

Омадӣ, ҳарфи ниҳонӣ ба ту дорам, бинишин, Дарди ҳиҷрон ба ту як-як бишуморам, бинишин. Нафасе сабр намо, ин ҳама таъҷил макун, Пеши ту қиссае аз хуни дил орам, бинишин. Ҳама сармоя ба савдои ту дорам, ҳайҳот, Ним ҷон мондаву он ҳам бисупорам, бинишин. Хуштар аз ҷони ҷаҳон донамат, аммо чӣ кунам, Мадади толеъу иқбол надорам, бинишин. Омадӣ бар сару имрӯз тараҳҳум кардӣ, Рӯи худ бар кафи пои ту гузорам, бинишин. Аз ғами турраи ошуфтаат ошуфта шудам, Чдмъ гардон ба мурувват дили зорам, бинишин. Солҳо з-он нигаҳи масти ту будам махмур, То зи сар дур шавад ранҷи хуморам, бинишин. Ҳаст сармашқи дабистони дилам ёди хатат, Рӯзу шаб нест ҷуз ин шева шиорам, бинишин. Бармачин домон аз хоки ман, андеша макун, Пок бар боди фано рафт ғуборам, бинишин. Ҳар кас андӯҳи дили хеш ба ёраш гӯяд, Дар ду олам набувад ғайри ту ёрам, бинишин. Дил ба ҷуз васли ту бо ҳеч тасалло нашавад, Нест дар ҳаҷри ту орому қарорам, бинишин.

Яке аз ҷанбаъҳои ҳунарии ғазалиёти Абдулқодирхоҷаи Савдо дарёфту корбасти радиф аст ва ҳунари ӯ дар истифодаи радиф ба ҳаддест, ки шояд кам шоире бошад, ки онро ҳис намояду дар шеъраш дар чунин шакл аз он кор бигирад. Масалан, қаблан мо огоҳ шудем, ки чун ғараз ҳасби ҳол, авзои қавии иҷтимоӣ бошад, ӯ аз теғ кор гирифта, барои таъкиди маъно онро (теғро) радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки ҳадаф ҳиҷрон, фироқ, дурӣ, сангдилию бемеҳрии маҳбуба аст, лаҳзаи висол, ки даме даст додааст, онро ғанимат медонад ва калимаи бинишинро (сабри маҳбубаро) барои таъкиди маъно ва қавӣ баромадани мундариҷаи ғазал радиф қарор медиҳад. Дар ғазали зикршуда, ки аз ёздаҳ байт иборат аст, дувоздаҳ маротиба калимаи (феъли амрии) бинишин ба сифати радиф таъкидан оварда мешавад, ки мақсад ҳамоно пойдории висол мебошад. Дар ашъори ғиноии Савдо, инчунин мавзӯъҳои дигар аз қабили ҳаҷву танқид ва ҳазлу шӯхӣ низ хеле амиқ реша дорад ва хеле қавӣ садо медиҳад. Ӯ дар ашъори ғиноии худ, ба хусус аҳли амирону ҳокимон, золимону мумсикон, фиребгарону қалтабонон, рӯҳониёни мутаассибу риёкоронро сахт накӯҳиш менамояд ва дар айни ҳол, ба ҳимояи адолати иҷтимоӣ мехезад. Чунончи, дар ин шеъраш Савдо зоҳидонро, ки ба зӯҳди риёӣ рӯ овардаву асосҳои динро дуруст намедонанд, сахт танқид мекунад:

Зоҳид, чӣ диҳӣ маро ту пандо? Чун панди ту нест судмандо. Ман нӯш гирифтам аз лабонаш, Дигар чӣ кунӣ ҳадиси қандо? Ишқидани мо на ихтиёрист, Моро накунед ришхандо. Тарзи дигаре биёр, Савдо, Чун тарзи туро намехарандо.

Албатта, дар танқиди зоҳидони риёӣ ӯ ба пояи Камоли Хуҷандӣ нарасида бошад ҳам, пазироии анъанаро идома додааст. Зеро ҳаҷву танқиди Савдо ҷанбаи ҳазлу шӯхии кинояомезе дорад, ки ин падида хоси худи ин шоир аст. Ин ҷиҳатро Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Шамсуддин Шоҳин низ тақвият додаанд. Ҳамин ҳиссиёти баланди ҳазлу шӯхӣ ҳатто дар ғазалиёти ишқии шоир низ ба мушоҳида мерасад. Чунончи:

Дил гум шуда ман ба пеши раммол Рафтам, ки барои ман бизан фол. Оҳид, ки : «Ин матоъ бурдаст, Маҳбубаки шӯхи хурдакаксол». Як зарра вафо бурун наомад, Хоки ҳама бехтам ба ғирбол, Саҳл аст, ки дар ҷафо бисабрам, Хосияти сабр ҳаст исҳол. Ай ҷони балокашида, меоҳ В-ай қалби ситамрасида менол. Акнун ту ба дасти ишқи ӯӣ. Монандаи мурда пеши ғассол. Пас дар ҳама умри худ надидам Ороми тану фароғати бол. Хубон чу ба мо баилтифотанд, Моро чӣ зарурат аст ин ҳол? Савдо, сари ишқбозият ҳаст, Аввал ба каф ор маблағу мол.

Ин шеър аслан ишқӣ буда, оҳанги бисёр нозуки шӯхиомезе дорад, ки хоси сабки Савдо аст.

Ҳадафи шоир баёни арзи ҳоли ошиқ буда, зимнан ҳаҷви раммол низ хеле устодона ба тасвир омадааст, ки танқиди хурофот мебошад. Шоир дар маъниофариву мазмунсозӣ аз санъатҳои шеърии иғроқ, киноя, маҷоз, тавсиф, таносуби сухан, нидо, ташбеҳ, истиора ва ғайра хеле ӯҳдабароёнаву ҳунармандона кор гирифтааст.

Аз нигоҳи хусусиятҳои шаклӣ низ ғазали боло ҷолибу хонданист. Ғазал мураддаф нест. Қофияҳои ғазал калимаҳои раммол, фол, хурдакаксол, ғирбол, исҳол, менол, ғассол, бол, ҳол, мол аст. Дар ин калимаҳои қофия ҷузви «-ол» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ва ҳарфи «л» равист. Худи қофия қофияи муқайяд мебошад, зеро пас аз равӣ унсури дигар надорад.

Ғазал дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи мақсур (ё маҳзуф) эҷод шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

  • – V / V – V – / V – ~
  • – V / V – V – / V – ~

яъне: мафъӯлу мафоъилун, фаъӯлон ё ин ки фаъӯлун.

Вале аз нигоҳи истифодаи калимаҳо чанд феъли худсоз (ихтирои худи Савдо) дида мешавад. Он калимаҳо: оҳид-ба маънии сабр кардан, меоҳ- оҳ кашидан ё оҳ гуфтан мебошад. Албатта, чунин тарзи калимасозӣ хоси сабки Савдо буда, хилофи иштиқоқ аст. Вале барои оҳанги шӯхиомез касб кардани ғазал хизмат мекунанд.

Бояд гуфт, ки дар лирикаи Савдо андешаҳои маорифпарварӣ ва ҷунбишҳои мафкуравию бархӯрдҳои сиёсӣ ҳанӯз мушоҳиданашаванда аст, зеро чунин ҷунбишҳо, бедоршавиҳо, растохезҳои зеҳнӣ, бардоштҳои ақлонӣ, раҳоӣ аз тафаккури сирфан ғуломона то андозае пас аз нашрҳои «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш, «Савонеҳ-ул- масолик…»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, «Тӯҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ ва ғайра ба миён омад ва аз ин рӯ, яке аз хидматҳои хеле шоистаи Савдо дар инъикоси мафкураи аср дар лирика ва насри бадеист. Дар ашъори ғиноии ӯ мавзӯъҳои дигари иҷтимоӣ аз қабили: шиква аз камбизоатӣ, аз тангии маишӣ, норизоӣ аз беқадрии аҳли илм, маориф, фарҳанг, санъат, беқадрии ҳунар, эҷоди бадеъ, танқиди хислатҳои разилаи инсонӣ аз қабили: кибру ғурур, бузургманишиву худхоҳӣ, ҳавобаландиву такаббур, пастфитратӣ, мардумфиребӣ, ғаммозиву чоплусӣ, муфтхӯриву ҳаннотӣ ва ғайра хеле хуб ба тасвир омадааст. Аз тарафи дигар, дар ашъори Савдо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ васф карда мешавад ва аз ҷумла, шоир чунин сифатҳои инсонӣ, саховатмандӣ, олиҳимматӣ, хайрхоҳӣ, некӯкорӣ, илмдӯстӣ, хирадмандӣ, раиятнавозӣ, халқдӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳнати софдилона, фурӯтанӣ, шикастанафсӣ, хоксорӣ, пуртоқатӣ, сабурӣ ва ғайраро ҷонибдорӣ менамояд. Албатта, Савдо дар оғози эҷодиёти хеш бештар ба шуарои номии таърихи адабиёти тоҷик мисли Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил барин шоирони соҳибмактаб пайравӣ намуда, ашъори ӯҳдабароёна эҷод кардааст. Вале мо ҳеҷ гоҳ чунин даъво надорем, ки эҷодиёти Савдо ба куллӣ тақлидист. Аз тарафи дигар, агар мантиқан андеша карда шавад, пас ҳар шоире наметавонад ба Ҳофизу Бедил барин симоҳои ҷаҳонии адабиёти тоҷик сару кор бигирад. Аз ин рӯ, худи далели ба ашъори Ҳофизу Бедил рӯ овардани Савдо башорати истеъдоду маҳорат ва донишу малакаи эҷодии ӯст, ки тавассути осори маҳфузмондаи ӯ қазоват карда мешавад.

Дигар аз ҷанбаъҳои фурӯзони ашъори Савдо ва осори мансури ӯ тобиши хеле қавии ҳаҷвӣ доштани онҳо мебошад. Ӯ ҳам дар назм ва ҳам дар наср аз ҳикоёту латифаҳо, аз таъбироту суханҳои вирдизабонӣ хеле нозук кор мегирад ва дар натиҷаи он ҳаҷви малеҳе рӯи кор ҳувайдо мешавад. Инчунин, оҳанги тасвир тобиши ҳаҷвию танқидӣ касб мекунад. Адабиётшиносон мероси Савдоро, ки ҷанбаи мутоибавӣ дорад, дорои се бахш донистаанд:

  1. Ашъори мутоибавие, ки ба тариқи зарофат-ҳазломезу шӯхиомез эҷод шудааст;
  2. Ашъоре, ки дар пайравии Абӯисҳоқи Атъимаи Шерозӣ таълиф гардидааст;
  3. Ашъори мутоибавие, ки тавассути он иллатҳои ҷомеъа танқиду мазаммат шудаанд.

Чунин табақабандӣ, ки зикраш дар боло рафт, ҳатто ашъори ошиқонаи Савдоро низ фаро мегирад. Ҷанбаи ашъори мазкури Савдоро муосирони ӯ-Шоҳину Ҳайрат идома бахшидаанд ва гуфтан мумкин аст, ки ҳатто муваффақият ҳам пайдо кардаанд. Албатта, ин мавзӯъ дар эҷодиёти Савдо нав нест, зеро ҳаҷву мутоиба дар адабиёти тоҷик яке аз мавзӯъҳои ҷовидона мебошад ва ғолибан яке аз мавзӯъҳои марказии ашъори шоирони то устод Рӯдакӣ будааст. Танҳо ба ёд овардани он кифоя аст, ки ҳатто дар адабиёти шифоҳӣ низ он мавқеи махсус дорад ва далели ин қазоват як қитъаи ҳаҷвии мардумони Балх дар ҳиҷои Асад ибни Абдуллоҳ аст, ки тибқи шаҳодати «Таърихи Табарӣ», ки соли 725 эҷод шудааст ва ҳаҷви сиёсӣ аст:

Аз Хуталон омадаиҳ,

Рӯ ба табоҳ омадаиҳ.

Хушку низор омадаиҳ, Овора боз омадаиҳ.

Албатта, дар ашъори шоирони асри Х ин мавзӯъ хеле устувор гардида, ҳатто ба ҳамосаҳои миллӣ ворид шудааст ва далели қавии он эпизодҳои ҳаҷвӣ-танқидӣ ва мутоибавии «Шоҳнома»-и Фирдавсии Тӯсӣ мебошад. Мо дар ин асар, яъне «Шоҳнома», ҳаҷви сиёсиро мебинем, ки ғолибан шоҳон, сиёсатмадорон танқид карда мешаванд, ба хусус Ковусшоҳ, Афросиёб, Заҳҳок, Ҷамшед, Салм, Тур ва дигарон. Инчунин рӯҳониёни зардӯштӣ, ки риё кардаанд, сарлашкарон, паҳлавонон ва ғайра. Дар асри XII Сӯзании Самарқандӣ ҳаҷвро аз ҳадди эътидол бароварда ба ҳаҷви қабеҳ бадал сохт. Дар эҷодиёти Убайди Зоконӣ оҳанги хеле ҷиддӣ касб намуд. Анъанаи ӯро то андозае Абдурраҳмони Мушфиқӣ қабул карду тақвият бахшид ва ғайра.

Вале ҷанбаи малеҳи онро адабиёти тасаввуфӣ пазируфт, ки намунаҳои беҳтарини он дар маснавиҳо ва ашъори лирикии Ҳаким Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одам Саноии Ғазнавӣ (махсусан, дар «Корномаи Балх») тақвият бахшид. Дар осори Фаридуддини Аттор ва махсусан, дар маснавии Ҷалолуддини Балхӣ ҷилои тозаву нодир гирифт ва писанди ҳамагон шуд. Аз ин нуқтаи назар, Савдо анъанаи мазкурро дар давраи тамоман нав, бо тобиши дигар эҳё кард. Муосирони ӯ ба ин ҷанбаи умумибашарӣ бахшиданд ва манзури мо эҷодиёти Аҳмади Дониш, Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ ва Мирзо Сироҷи Ҳаким мебошад. Тозакориҳои Савдо ҳам дар назм ва ҳам дар наср идома бахшидани мавзӯи мазкур мебошад.

Савдо на танҳо шоири тавоно, балки дар насри адабӣ ҳам табъи баланд доштани худро нишон додааст. Аз ӯ асари насрӣ низ боқӣ мондааст, ки намунаи хеле хуби насри мутоибавӣ мебошад. Ин асари мутоибавӣ таҳти унвони «Музҳикот» машҳур аст. Асари мазкур аз панҷ қисм иборат буда, муаллиф онҳоро таҳти унвони «Нағма» ёд кардааст. Жанри «Музҳикот» анъанавӣ нест. Масалан, ба асарҳои машҳуртарин нависандаи ҳаҷвнигори асри Х1У-Убайди Зоконӣ («Ахлоқ-ул-ашроф», «Сипанд», «Даҳ фасл» ё «Таърифот» ва ғайра) монанд нест. Яъне аз ҷиҳати хусусиятҳои жанрӣ асари Савдо навоварӣ дар насри бадеист. Аз ин рӯ, дар лексикаи забони адабии тоҷик низ таъсири фаровон гузоштааст. Аз жанри дигар, дар насри ҳаҷвию мутобавии Савдо унсурҳои насри мусаҷҷаъ ба назар мерасад, ки ин унсур яке аз хусусиятҳои насри бадеии мутоибавии нависандаро фароҳам овардааст: «Аммо мисрае намехонд, ки каломоташ пӯла нашуда бошад ва аркони авзонаш шӯла. То ҳалворӣ гоҳе лӯндае ҳалвое дар кори мулло кардӣ ва муллоро аз ин ҳавлои бедуд хушнуд сохтӣ. Мулло бо даҳони ширин ба ширинмақолӣ ба мадҳи зуҳур-ул-ғайбаш низ пардохтӣ.

Баъзе аз бобҳои «Музҳикот»-и Савдо хеле хотирмону ҷолибанд Аз ҷумла, боби «Нағмаи чаҳорум: Достони Бибипанирии Кайвонӣ ва Она Маҷони Ходим». Эпизоде дорад, чунончи:«Рӯзе дар маҷлисе, ки ҷамъе аз занони акобиру аъён ҳозир буданд, келинбикаи баландҳиккаро зиён гирифт (бемор шуд). Лаб мегазиду дандон мехоид. Бибипанирии Кайвонӣ ба тарзи муомилашиносӣ ва қоидадонӣ ба дастур дар кораш кард, муфид наяфтод. То Она Маҷони Ходим пеш омада гуфт:

-Эй, дугона, корро бебаёна (номаълум) бояд кард ва тадбирро мавқеъ бояд шинохт, то ки чарх чун тир бар нишона ояд. Биби Маҳрӯй- модаршӯи ман, дасте дорад эм ва таҷрибае дорад қадим, касе ӯро биёрад, то аласе фармояд.

Чун ӯро овардаанд, чӯбе гирифту латтаву дастмони чарбӣ бар он печида, оташ дардода алиларо (беморро) чодире дар сар андохта, дар ҷое нишонда, оташро дар гирди сараш чарх гардонда, хондан оғоз кард, ки:

Алас, алас, алас,алас!

Кулли балолардан халас,

Чӯлларга бор, кулларга бор!

Чанд бор бар ӯ дамиду кафи обе бар рухсорааш пошид. Фурсате ҳанӯз нарафта, ки келинбикка чашм кушода ба ҳол омад ва мутаранними ин мақол гардид:

Ай очаҷон, бар нафаси покат офарин,

Бар хиштаки эзори дусад чокат офарин.

Чугизанони шаҳру мазангони бодия Доранд бар фатонату идрокат офарин. Бо ин ҳама наҳифию58 барҷоймондагӣ Бар дасти чусту бозуи чолокат офарин…»

Ҳикояти мазкур ба нодонии хусусан занони он рӯзгор бахшида шудааст, ки чунин рафтори онҳо боварӣ ба дин нею балки бадномкунии дин аст. Инҳо тоифаи занону бонувони оддӣ набуда, ашрофзодагонанд. Онҳо дар камақлию эътиқод ба хурофот ҳаҷв карда мешаванд. Аз ин рӯ, шеъри ҳаҷвиро Савдо аз забони ҳамон «келинчаки беморшуда» меорад, ки ба риёи зани аласкунанда дахл дорад.

Як хусусияти ниҳоят ҷолиби дигари эҷодиёти мутоибавии манзуму мансури Абдулқодирхоҷаи Савдо боз дар он аст, ки ӯ таркиби луғавии хеле аҷоиб дорад. Истифодаи калимаҳову ибораҳои халқӣ-гуфтугӯӣ, эзор, хиштак, даму нафас, алас, дугона, бебаёна, дастмол ва ғайра. Инчунин Савдо баъзе калимаҳоро худ месозад, кашф мекунад, ки онҳо ба қоидаҳои сарфу наҳв чандон итоат намекунанд. Масалан: сихи хала (чӯбчае, ки маркабро бо он идора мекунанд), ишқидан (ошиқ шудан), меоҳ (оҳ гуфтан), палавидан (ош хӯрдан), чико (чи кор), тӯғрӣ (рост), фиребидан (фиреб додан), чалидан (мутобиқ шудан) ва ғайра. Яъне ӯ исмҳоро ҳамчун феъл ба кор бурдааст ва ин тарзи корбурд дар забони адабӣ нест.

Бояд гуфт, ки дар таърихи адабиёти тоҷик, агар чуқуртар андеша шавад, оддитарин адиб ҳам мавқеъ дорад, зеро анъана дар ин адабиёт, ки ниҳоят қавист, пас андак адиб ҳам, дар заминаи он даъвии тозаҷӯӣ мекунад.

Аз ин нуқтаи назар, Савдо низ дар таърихи адабиёт мақоми худро дорад. Ӯ яке аз он шахсонест, ки сабки бедилиро қадре ҳам бошад, заминаҳои воқеӣ бахшид. Дар рушди адабиёт, истиқболи суннат саҳм гирифт. Ба адабиёти давр, муосирон ва адабиёти минбаъдаи тоҷик андаке бошад ҳам таъсир гузошт ва мавқеи худро ёфт.

Савол ва супоришҳо:

  1. Овони ҷавонӣ ва илмомӯзии АбДулқоДирхоҷаи СавДо чӣ гуна гузаштааст?
  2. Аз муосирони СавДо Доир ба рӯзгору фаъолияти ӯ каДом тазкиранигор бештар маълумот додааст?
  3. СавДо Дар каДом мавриДҳо тахаллусҳои «СавДо» ва «Бепул»-ро ба кор бурдааст?
  4. Савдо Дар Дарбори киҳо хиДмат намуДааст?
  5. Поёни умри Савдо чӣ гуна гузаштааст?
  6. Мероси аДабии СавДо аз чиҳо иборат аст?
  7. Ашъори гиноии СавДо каДом мавзӯъҳоро дарбар мегирд?
  8. СавДо аз шоирони газалсарои гузашта ба киҳо пайравӣ карДааст?
  9. Хусусиятҳои фарҳкунанДаи газалиёти СавДоро шарҳ ДиҳеД.
  10. Хусусиятҳои ҳаҷвии ашъори СавДоро баён кунеД.
  11. Саҳми СавДо Дар ташаккулу таҳаввули насри баДеӣ аз чӣ иборат аст?
  12. Хусусиятҳои насри баДеии аДибро шарҳ ДиҳеД.
  13. Таъсири эҷоДиёти СавДо ба муосирон ва аДабиёти минбаъДаро нақл кунед.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …