Намози Витр – ҳамеша баъди намози шабона хонда ме–шавад.
Намози Фарз – намозҳое, ки Худои Таъоло гузоридани онҳоро ҳатмӣ ҳукм кардааст.
Намози Воҷиб – намозҳое, ки ҳатмӣ будани гузоридана–шон ба намозҳои фарз наздик аст.
Намози Суннат – намозҳое, ки гузоридани онҳоро пай-ғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, дастур додааст ва ба он даъват кардааст.
Намози Нафл – намозҳое, ки гузоридани онҳо одамонро ба Худои Таъоло наздик мегардонад.
Вақт ва пайдарҳамии Намозҳо:
- Намози саҳарӣ (Бомдод, Фаҷр). Вақти он то баромадани офтоб идома меёбад. 4 ракъат аст: 2 ракъат суннат ва 2 ракъат фарз.
- Намози нисфирўзӣ (Пешин, Зуҳр). Вақти он баъди ба қиём расидани офтоб аст. 10 ракъат аст: 4 ракъат суннат, 4 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
- Намози баъди нисфирўзӣ (Дигар, Аср). Вакти он ҳангоми ду баробар шудани сояи ашёҳо сар мешавад. Он 4 ракъат фарз аст.
- Намози бегоҳӣ (Шом, Мағриб). Вақти он баъди ғуруби офтоб сар мешавад. 5 ракъат аст: 3 ракъат фарз ва 2 ракъат суннат.
- Намози шабона (Хуфтан, Ишо). Вақти он баъди гузаштани фосилаи муайян аз намози шом (45-60 дақиқа) оғоз мешавад ва то вақти намози саҳарӣ идома меёбад. 9 ракъ–ат аст: 4 ракъат фарз, 2 ракъат суннат ва 3 ракъат намози Витр.
Вақтҳое, ки дар он гузоридани намоз номатлуб аст:
- Тулўъ (баромадан)-и офтоб. Агар ҳангоми адои намози бомдод, офтоб тулўъ карда истода бошад, пас ба на–моз халал расонида мешавад.
- Вақти завол. Ин ҳолат 45 дақиқа пештар аз оғози вақ-ти намози нисфирўзӣ фаро мерасад.
- Ғуруб (фурў рафтан)-и офтоб. Ин ҳолат 45 дақиқа пештар аз вақти азони намози бегоҳӣ фаро мерасад. Дар вақти фурў рафтани офтоб фақат намози баъди нисфирўзи–ро гузоридан мумкин аст.