Агар шахсе хоҳони зиёрати хонаи Аллоҳ ва равзаи поки Расулуллоҳ (с) мебошад, аммо имконоти сафар барояш мақдур нест, ин оятро ба касрат[1] бихонад, то ин ки Худованд орзуяшро бароварда созад.
Оят ин аст:
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим
Лақад садақаллоҳу Расулаҳу-р-руъё би-л-ҳаққи, латадхулунна-л-масҷида-л-ҳарома иншоаллоҳу оминина муҳаллиқина руусакум ва муқассирина ло тахофуна, фа алима мо лам таъламу фа ҷаала мин дуни золика фатҳан қарибо.[2]
[1] Касрат – бисёр.
[2] Сураи Фатҳ, ояти 27.