Моддаи 110-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Мақомоти назорати байторӣ
- Мақомоти назорати байторӣ дар доираи ваколатҳои худ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриеро, ки дар моддаҳои 270-275, 278 ва 279 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, баррасӣ менамоянд.
- Барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ аз номи мақомоти назорати байторӣ роҳбарони сохторҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ҳуқуқ доранд.