Моддаи 151-и Кодекси оила. Интихоби васӣ ва парастор
- Ҳангоми ба кӯдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ӯҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ӯ, муносибатҳои байни ӯ ва шахси мӯҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кӯдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кӯдак ба инобат гирифта мешавад.
- Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ гирифташаванда сурат гирифта метавонад.