Моддаи 347-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат
Корфармо ҳуқуқ дорад:
– кормандонро барои фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнатӣ дар ҷойи кор, таклифи ратсионализаторӣ вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳавасманд гардонад;
– кормандонеро, ки талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро вайрон мекунанд, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор дур кунад ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашад.